15 рӯз мӯҳлат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикистон. Кумитаи паноҳҷӯён гуфт, касе шикоят накардааст

Роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе зарбулаҷали 15-рӯзаи мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикисторо бепоя хонда, гуфт, дар ин замина “касе аз паноҳҷӯён ба Кумита шикоят накардааст”. Хабари барои тарки Тоҷикистон кардани паноҳҷӯёни афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додани мақомоти Тоҷикистонро хабаргузории “Khaama press”-и  Афғонистон нашр карда, гуфт, “ин иқдом дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири […]

Asia-Plus

Роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе зарбулаҷали 15-рӯзаи мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикисторо бепоя хонда, гуфт, дар ин замина “касе аз паноҳҷӯён ба Кумита шикоят накардааст”.

Хабари барои тарки Тоҷикистон кардани паноҳҷӯёни афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додани мақомоти Тоҷикистонро хабаргузории “Khaama press”-и  Афғонистон нашр карда, гуфт, “ин иқдом дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат доранд, нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст”.

“… мақомоти Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта боздошти муҳоҷиронро дар минтақаҳое чун шаҳраки Ваҳдат, ки қисми зиёди муҳоҷирон он ҷо зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар Душанбе шадидтар кардаанд. Бисёре аз афрод бидуни огоҳии пешакӣ ва ё имкони шикояти ҳуқуқӣ аз ҷойи кори худ боздошт ва ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд”, – навишт ин хабаргузорӣ.

Аммо ин хабаргузорӣ нагуфтааст, ки сарчашмаи иттилоъ кӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” зарбулаҷали мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни афғонистониро рад карда, гуфт, “дар ин замина касе ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ шикоят накардааст”.

 

Дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ посух доданд, ки дар бораи “зарбулаҷали мақомоти тоҷик” иттилое надоранд.

Талоши мо барои дастрас кардани шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки хабари ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ мешавад. Баҳори соли ҷорӣ ҳам расонаҳои Афғонистон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон хабар дода буданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ин хабарро расман тасдиқ ё рад накарда буданд.

Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.