Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: То ҳол чархбол надорем, аммо аз “дрон”-ҳо фаровон истифода мекунем

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол соҳиби чархбол нашудааст ва аз чархболи дигар ниҳодҳо истифода мекардааст. Вале ин ниҳод аз “дрон”-ҳо фаровон истифода карда, шуъбаи махсус ташкил кардааст. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, то ҳол ниҳоди зери роҳбариаш чархболи алоҳида надорад. […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол соҳиби чархбол нашудааст ва аз чархболи дигар ниҳодҳо истифода мекардааст. Вале ин ниҳод аз “дрон”-ҳо фаровон истифода карда, шуъбаи махсус ташкил кардааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, то ҳол ниҳоди зери роҳбариаш чархболи алоҳида надорад.

Дар баробари ин, ӯ таъкид кард, ки дар фаъолияти ниҳоди роҳбарикунандааш доштани чархбол муҳим аст.

“Боварӣ дорем, ки то охири сол чархбол дастрас мекунем”, – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, дар ҳолати зарурат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз чархболҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон истифода мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баҳси чархболи алоҳида надоштани ин Кумита солҳо ин ҷониб идома дорад. Роҳбарони пешини ин ниҳод, аз ҷумла Рустам Назарзода, раиси пешини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нишасти соле пеш низ гуфта буд, то ҳол Кумита чархбол надорад, вале умедвор аст, дар ояндаи наздик онро дастрас хоҳанд кард.

Ӯ ҳам зикр карда буд, ки “феълан аз чархболи дигар сохторҳо истифода мекунем”.

Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Кумита дар фаъолияти худ аз “дрон”-ҳо истифода мекунад ва дар ин замина шуъбаи алоҳида ҳам таъсис додааст.

“Дронҳо дар ҳолатҳои фаромадани тарма, омадани сел дар шоҳроҳҳои кишвар, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ истифода мешаванд”, – гуфт ӯ. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.