Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар мурофиаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” ширкат мекунад?

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон то ҳол тасмим нагирифтааст, ки дар мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамали террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл", ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ширкат кунад ё не. Пайвандони гумонбарон ҳам барои ҳифзи ҳуқуқашон ба ин ниҳод муроҷиат накардаанд. Имрӯз муҳокимаи гумонбарон ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” […]

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон то ҳол тасмим нагирифтааст, ки дар мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамали террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл", ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ширкат кунад ё не. Пайвандони гумонбарон ҳам барои ҳифзи ҳуқуқашон ба ин ниҳод муроҷиат накардаанд.

Имрӯз муҳокимаи гумонбарон ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав оғоз ёфт. Мурофиаи ин парванда дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард.

Умед Бобозода, Омбудсмени кишвар гуфт, барои ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ бояд ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд.

“Агар Русия иштирок дар мурофиаҳои судиро барои намояндаи дигар давлатҳо манъ накарда бошад, шояд иштирок кунем. То ҳол муроҷиат накардаем. Агар мо муроҷиат кунему ҷониби дигар розӣ шавад, шояд ширкат кунем”, – гуфт Умед Бобозода.

Ӯ инчунин гуфт, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин қазия бо ҳамтоёни русашон ҳамкорӣ доранд ва таъкид кард, ки дар пайи ин ҳамкорӣ ва вокуниш ошкоро шиканҷа додани гумонбарон пешгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Бобозода, бо гузаште беш аз 1 сол ҳеҷ кадоме аз пайвандони гумонбарон барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат накардааст.

Ба иттилои расонаҳо, ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.

Илова бар ин, ифшои баъзе маълумот дар ҷаласаи ошкор метавонад ба таҳқиқот нисбат ба афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, халал расонад, менависад ТАСС.

Бояд гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми 19 гумонбар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти "Крокус Сити Холл"-и канораи Маскав баррасӣ мешавад: Фаридуни Шамсидин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Ёқубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Исроил Исломов, Диловар Исломов, Аминҷон Исломов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев ва Алишер Қосимов.

Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ карда, баъди оташзанӣ фирор кардаанд. 

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.