Мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба “Крокус” имрӯз оғоз мешавад. Раванди мурофиа ба таври пӯшида баргузор мегардад

Имрӯз, 4-уми август, мурофиаи додгоҳии 19 гумонбар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти "Крокус Сити Холл"-и канораи Маскав оғоз мешавад. Ин парванда дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ […]

Asia-Plus

Имрӯз, 4-уми август, мурофиаи додгоҳии 19 гумонбар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти "Крокус Сити Холл"-и канораи Маскав оғоз мешавад.

Ин парванда дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.

Илова бар ин, ифшои баъзе маълумот дар ҷаласаи ошкор метавонад ба таҳқиқот нисбат ба афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, халал расонад, менависад ТАСС.

19 нафар дар баробари додгоҳ қарор гирифтанд: чаҳор нафар ҳамчун иҷрокунандагони эҳтимолӣ ва 15 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ.

Дар миёни онҳо иҷорадеҳон, ронандагон, таъминкунандагони силоҳ ва миёнаравони молиявӣ ҳастанд.

Мақомоти тафтишоти Русия бар ин бовар аст, ки пушти ҳамла гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ — Вилоят Хуросон”*  қарор дорад, ки гӯё “ба манфиати хадамоти махсуси Украина” амал кардааст. Ташкилкунандагони ҳамла то ҳол муайян нашудаанд.

Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ кардаанд, ба толор даромадаанд, оташ задаанд ва сипас фирор кардаанд. 

Тибқи маълумоти тафтишот калонсолтарини айбдоршаванда қаблан дар таксӣ кор мекард, боқимондаҳо дар сохтмон, завод ва сартарошхона фаъолият доштанд. 

Ҷавонтарин айбдоршаванда, Файзов 20 сол дорад.  Гуфта мешавад, ки бародари ӯ миёнарав байни ташкилкунандагон ва иҷрокунандагон буда, эҳтимолан ҳоло дар Туркия паноҳ бурдааст.  Файзов қаблан ҳамчун сартарош фаъолият дошт.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.