“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст

Константин Могилевский, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия гуфтааст, ки Русия маблағгузории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русияро муваққатан қатъ кардааст. Сабаби қатъи маблағгузорӣ, бидуни мувофиқа бо Русия таъин кардани ректори нав дар ин донишгоҳ будааст. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин мушкилро тасдиқ карда, гуфтанд, “он ба зудӣ ҳалли худро меёбад”. Моҳи ноябри соли 2025 […]

Константин Могилевский, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия гуфтааст, ки Русия маблағгузории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русияро муваққатан қатъ кардааст. Сабаби қатъи маблағгузорӣ, бидуни мувофиқа бо Русия таъин кардани ректори нав дар ин донишгоҳ будааст. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин мушкилро тасдиқ карда, гуфтанд, “он ба зудӣ ҳалли худро меёбад”.

Моҳи ноябри соли 2025 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Машраб Файзулло аз вазифаи ректор озод ва ба ҷойи ӯ Илҳомиддин Иброҳимзода таъин шуд.

 

Могилевский дар мусоҳиба бо радиои русии Sputnik гуфтааст, созишномаи байниҳукуматии амалкунанда муқаррар кардааст, ки ректори донишгоҳ аз миёни номзадҳое таъин мешавад, ки бо тарафи Русия мувофиқа шудаанд. Аммо ин тағйироти ахир бо Русия мувофиқа нашудааст.

“Мо созишномаи байниҳукуматӣ дорем, ки тибқи он кор мекунем. Созишномаи навро тайёр мекунем, аммо созишномаи кӯҳна – амалкунанда мавҷуд аст, ки дар он навишта шудааст: ректор мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон аз миёни номзадҳое таъин мешавад, ки бо Русия мувофиқа шудаанд. Аммо касе аз мо напурсид, ҳеҷ номзаде бо мо мувофиқа нашуд, назари моро нагирифта қарор қабул карданд. Мо ин қарорро қабул карда наметавонем”, – гуфтааст Могилевский.

Ӯ таъкид кард, ки Русия аз шахсияти ректори нав нигарон нест, балки масъала вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ аст. Аз ин рӯ, маблағгузории донишгоҳ муваққатан қатъ карда шудааст, ба истиснои маоши кормандон: “Маблағи маошро мефиристем, аммо барои маблағгузориҳои дигар интизор мешавем, то масъала равшан шавад”.

Ба гуфтаи Константин Могилевский, ҷониби Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ин хаторо ислоҳ ва чанд номзадро барои мувофиқа пешниҳод кунад.

 

Душанбе чӣ мегӯяд?

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки чунин мушкил вуҷуд дорад ва ба наздикӣ он ҳал хоҳад шуд.

Хуршед Мавлонов, сухангӯи ин вазорат ба мо гуфт, ки мувофиқаи ректори таъйиншуда – Илҳомиддин Иброҳимзода баррасӣ мешавад.

“Мувофиқаи ректори тозатаъйин дар баррасӣ аст. Маоши омӯзгорон қатъ нашудааст ва кори донишгоҳ мисли пештара идома дорад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русия яке аз муассисаҳои таълимии муштараки ду кишвар буда, дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ фаъолият мекунад. Ин донишгоҳ яке аз марказҳои асосии таълим ба забони русӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Коршиносон ин донишгоҳро як васила пешбурди нерӯи нарми Русия дар Тоҷикистон медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.