Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли барқро ба Қирғизистон рад мекунад

Вазорати энеретика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти ВАО-ро дар бораи интиқоли барқ ба Қирғизистон рад мекунад. Дар Вазорат зикр мекунанд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон содироти неруи барқро, ки ҷониби Қирғизистон изҳор медорад, пешниҳод накардааст. Таъкид мешавад, ки ҳафтаи гузашта раиси Раёсати ҶСК “Национальная энергетическая холдинговая компания” (Ширкати миллии энергетикии ходингӣ)-и Қирғизистон бо мактуби расмии худ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати энеретика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти ВАО-ро дар бораи интиқоли барқ ба Қирғизистон рад мекунад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон содироти неруи барқро, ки ҷониби Қирғизистон изҳор медорад, пешниҳод накардааст.

Таъкид мешавад, ки ҳафтаи гузашта раиси Раёсати ҶСК “Национальная энергетическая холдинговая компания” (Ширкати миллии энергетикии ходингӣ)-и Қирғизистон бо мактуби расмии худ ба унвони раиси ШСХК “Барқи тоҷик” маълумот додааст, ки бар асари камобӣ, дар кишвари ҳамсоя камбуди неруи барқ ба мушоҳида мерасад.

Ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки имкони интиқоли барқ ба Қирғизистон баррасӣ шавад.

Гуфта мешавад, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни вохӯрӣ бо ҳайати Қирғизистон дар Душанбе масъалаи имкони содироти барқ ба ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Айни замон Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ дорад. Дар ин рӯзҳо интиқоли нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ба Қирғизистон мутобиқи "Методикаи тавозуни мувозинати ҷараёни нерӯи системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон" амалӣ карда мешавад” – таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар ин санад “табодули техникии нерӯи барқ ​​миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои нигоҳ доштани фаъолияти муассири низомҳои энергетикии ҳарду кишвар” пешбинӣ шудааст. Ин механизм тӯли чанд соли охир татбиқ шуда, муносибатҳои тиҷоратиро дар бар намегирад”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба мақомоти энергетикии ин кишвар хабар доданд, ки Тоҷикистон аз 1 октябр ба интиқоли барқи худ ба Қирғизистон шурӯъ кард.

“Ҳозир дар Тоҷикистон неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ кофист, аз ин рӯ, ба мо пешниҳод карданд. Дар як шабонарӯз 1 млн кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунем. Нархашро намегӯям. Айни замон дар бораи тарзи пардохт гуфтушунид ҷараён дорад”, – хабар дод рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмурзаев.

Бекмурзаев зикр кард, ки дар моҳи ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 30-50 млн кВт/соат ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.