Зодаи Тоҷикистон писарчаро аз мошини оташгирифта дар Челябинск наҷот дод

Рӯзи 27-уми октябр дар наздикии Чебаркули вилояти Челябинск садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он чор нафар ба ҳалокат расиданд. Субҳи барвақт дар роҳи мошингарди «Чебаркул-Мисяш-М5» ду автомашинаи тамғаҳои «Лада Калина» ва «Форд Фокус» ба ҳам бархӯрда, ронандагони ҳар ду мошин, ҳамчунин мусофирони «Форд Фокус» – зан ва писари 6-солаи ӯ ҳалок шуданд. Тавре […]

Рӯзи 27-уми октябр дар наздикии Чебаркули вилояти Челябинск садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он чор нафар ба ҳалокат расиданд.

Субҳи барвақт дар роҳи мошингарди «Чебаркул-Мисяш-М5» ду автомашинаи тамғаҳои «Лада Калина» ва «Форд Фокус» ба ҳам бархӯрда, ронандагони ҳар ду мошин, ҳамчунин мусофирони «Форд Фокус» – зан ва писари 6-солаи ӯ ҳалок шуданд.

Тавре Gazeta-ch.ru хабар медиҳад, ба зодаи Тоҷикистон Усмон Мамутов, ки бо ин роҳ ҳамсарашро ба фурудгоҳ мебурд, муяссар шуд, ки писарчаи 11-соларо аз мошини оташгирифта берун орад.

“Писарча ба ман гуфт, ки дар воситаи нақлиёт волидонаш мондаанд. Ба назди мошин баргашта, аз дигар ронадагони бозистода сӯхторхомӯшкунак пурсидам, лекин онҳо надоштанд. Баъди лаҳзае сӯхтор дар автомашина ба сурате аланга гирифт, ки дигар аз дастамон ҳеҷ коре наомад”, – нақл кардааст Усмон.

Гуфта мешавад, Усмон Мамутов фармондеҳи 23-солаи яке аз взводҳои дивизияи танкии Чебаркул буда, ҳамагӣ муддати чанд моҳ дар ин ҷо хизмат мекунад.

“Роҳбарият ба ман аҳсан гуфта, ҳоло гӯё мехоҳанд маро ба мукофот пешбарӣ кунанд. Лекин ман худро қаҳрамон намешуморам. Агар ҳамаро наҷот додан муяссар мешуд, шояд қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд”, – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории 74.ru, Усмон ва ҳамсараш Регина изҳори таассуф кардаанд, ки дигар одамон ҳамту рост истода, ҳеҷ амале накардаанд.

“Мутаассифона, дигар одамоне, ки пештар ба ҷойи ҳодиса расида буданд, ҳеҷ коре накарда, танҳо рост истодаву тамошо доштанд”, – гуфтааст Усмон.

“Ману ҳамсарам яке аз шоҳидони нахустини ин ҳодисаи фоҷиабор шудем, хеле даҳшатнок буд, – навиштааст Регина ба 74.RU. – Шавҳари ман дарҳол назди автомашинаи оташгирифта давида, танҳо писаракро наҷот дода тавонист. Таассуфовар он аст, ки вақте мо он ҷо расидем, аллакай ду нафар мардон дар назди мошин меистоданд, ки боқимондаҳоро ҳам наҷот дода метавонистанд, лекин тамоку кашида, ба оташ нигоҳ мекарданд. Он замон оташ он қадар зиёд аланга нагирифта, ҳама доду фарёд аз он ҷоро мешуниданд. Лекин касе наздик омада, ба шавҳарам ёрӣ надод, ки аққалан боз як каси дигарро ба берун орем. Дар натиҷаи тарсу ҳароси мардони ҳозира акнун писарак ятим шуд…”

Зикр мешавад, ки писараки наҷотёфта бо ҷароҳати шикам ва зарбхӯрии майнаи сар дар бемористони Чебаркул бистарӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.