Латукӯби навбатии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Хуросон

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт: ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ба ин ноҳия рафта буд. Тавре худи Абдуллоҳ мегӯяд, вақте ба хаймаҳое, ки дар он оилаҳои осебдидаи Уялӣ зиндагӣ мекунанд, наздик шудааст, автомашинаи “Opel” наздаш омада, аз […]

Asia-Plus

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт: ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ба ин ноҳия рафта буд.

Тавре худи Абдуллоҳ мегӯяд, вақте ба хаймаҳое, ки дар он оилаҳои осебдидаи Уялӣ зиндагӣ мекунанд, наздик шудааст, автомашинаи “Opel” наздаш омада, аз он чанд ҷавон баромаданд ва ӯро ба иғвогарӣ гунаҳкору ҳамла мекунанд.

“Ман ба онҳо фаҳмониданӣ шудам, ки рӯзноманигорам ва барои таҳияи гузориш ин ҷо омадаам, лекин онҳо ба гапҳои ман гӯш надода, якеашон ба латукӯби ман оғоз карду дигарон тамошо мекарданд. Касе, ки маро зад, худро роҳбари ҷамоат муаррифӣ кард”, – изҳор дошт хабарнигор.

Мо ба ВКД Тоҷикистон тамос гирифтем, то ки шарҳи онҳоро дастрас кунем.

Дар хадамоти матбуоти Вазорат ба рӯзноманигор тавсия доданд, ки бо ариза ба мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад.

“Онҳо ҳолатҳои ҳодисаро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро пайдо мекунанд. Агар ҳамлагар худро муаррифӣ карда бошаду рӯзноманигор рақамҳои давлатии автомашинаро дар ёд гирифта бошад, пайдо кардани гунаҳкорон ба кормандони милитсия осонтар мешавад”, – қайд карданд дар он ҷо.

Дар хадамоти матбуот инчунин зикр карданд, ки ин далелро зери назорат мегиранд.

Гунаҳкорон алҳол пайдо нашудаанд

Ин ҳамлаи дуюм ба рӯзноманигори мо мебошад: шоми 11-уми май Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.

Ба ин ҳодиса созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, аз ҳукумат даъват карданд, ки гунаҳкорони ҳамла ба рӯзноманигор дарёфт ва муҷозот шаванд.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор мутобиқи моддаи 237, қ. 2, банди “б” (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Дар ВКД имрӯз ҳамчунин хабар доданд, ки тафтиши ин далел идома дошта, ҳамлагарон то ҳол барои тафтишот номаълуманд.

“Ин ҳодисаро ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ тафтиш мекунад, ки ҳамла дар ҳамон минтақа ба амал омад. Дар ҷойи ҳодиса камераҳои мушоҳидавӣ буданд. Мо сабтҳоро аз назар гузаронидем, лекин дар онҳо симо (чеҳра)-и ҳамлагарон дида намешавад. Сабти камераҳо аз дур буда, муайян кардани рақами давлатии мошине, ки ҳамлагрон бо он ҷойи ҳодисаро тарк карданд, ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҷараёни тафтиш мушкил шудааст, лекин муфаттишон корро идома дода истодаанд ва гунаҳкорон дарёфт шуда, назди қонун ҷавоб мегӯянд”, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорат.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанде пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ гузориши навбатӣ таҳия кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.