Дар Бохтар ду мошини ширкати “Як-таксӣ”-ро оташ задаанд. Гумонбарҳо дастгир шудаанд

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ду мошини ширкати "Як такӣ"-ро оташ задаанд. Гуфта мешавад ба мошинҳо бензин пошида, пасон оташ задаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 5-уми феравл рух додааст. Дар ин бора, Валӣ Бегиҷонзода сардори қисми ҳарбии Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод. “Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, яъне 5 феврал, соатҳои тақрибан соати 1:30 ба қисми […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ду мошини ширкати "Як такӣ"-ро оташ задаанд. Гуфта мешавад ба мошинҳо бензин пошида, пасон оташ задаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 5-уми феравл рух додааст.

Дар ин бора, Валӣ Бегиҷонзода сардори қисми ҳарбии Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод.

“Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, яъне 5 феврал, соатҳои тақрибан соати 1:30 ба қисми навбатдории мо хабар оташ гирифтани ду мошини филиали ширкати “Як таксӣ” дар шаҳри Бохтар расид. Мо тавонистем сари вақт оташро хомӯш карда, 12 мошини дигарро аз оташ наҷот бидиҳем. Ҳодиса дар парки техникии ширкат воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар рух додааст”,- гуфт Бегиҷонзода.

Ба гуфти Валӣ Бегиҷонзода таҳқиқи мутахассисони онҳо нишон додааст, ки сухтор қасдан содир шудааст.

“Ба мошинҳо бензин пошидаю оташ задаанд. Мо хулосаи худро ба ШВКД дар шаҳри Бохтар ирсол кардем ва таҳқиқи минбаъдаро онҳо пеш мебаранд”,- изҳор дошт манбаъ.

Як манбаъ аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса ШВКД таҳқиқро шуруъ кардааст ва гумонбаронро дастгир кардааст. Вале дар бораи шахсияти гумонбарон маълумоте дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “ЯК такси” филиали худро охири моҳи январ дар шаҳри Бохтар бо ҳузури шаҳрдори шаҳр  Сиҷоуддин Саломзода боз карда буд, ки аксари мошинҳои ин ширкат тамғаи Volkswagen мебошанд.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.