АНМН даст доштани кормандонаш дар марги боздоштшударо рад кард

ASIA-Plus



Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ даст доштани кормандони Агентӣ дар

марги Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола

, сокини пойтахтро рад мекунад.

Дар посухи расмии АНМН дар ин робита чунин зикр мегардад:

«Рӯзҳои 20-21 апрел дар сомонаҳои Тоҷикистон дар бораи марги боздоштшуда Шамсиддин Зайдуллоев дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ гӯё бар асари лату кӯб ва шиканҷа маълумот интишор шуд, ки ин маълумоти носанҷида аз қавли модари боздоштшуда вокуниши носолим дар ҷомеа ба бор оварда, ҳолати воқеъиро таҳриф намуд.

Нимаи рӯзи 12 апрел вазъи З.Шамсиддинов, ки барои фурӯши маводи муххадир боздошт ва дар тавқифгоҳи мувақкатии АНМН нигоҳ дошта мешуд, бад шуда, навбатдорони Агентӣ «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро даъват намуданд. Автомашинаи «Ёрии таъҷилии тиббӣ» баъди 20 дақиқа ҳозир шуда, пас аз муоина табибон изҳор намуданд, ки боздоштшуда қаблан маводи мухаддир истеъмол намуда, бо ин сабаб дардаш (ломка) хурӯҷ кардааст. Сипас ӯро ба Дармонгоҳи ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандӣ мебаранд ва дар он ҷо ба Зайдуллоев ду соат тариқи сӯзан (капелнитса) дору мегузаронанд.

Баъдан ӯро ба истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» бурда, дар он ҷо ӯ қотеъона аз муоина ва табобат даст мекашад ва дар ин бора хаттӣ дастхат ҳам менависад. Тақрибан соатҳои 23-15 ӯро ба боз ба Агентӣ оварда, соати 5-и субҳ посбонон хабар медиҳанд, ки вазъи Зайдуллоев ногаҳон хеле бад шудааст. Навбатдор фавран «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро даъват намуда, табибон аз норасоии кори дил фавтидани ӯро тасдиқ мекунанд.

Дар бораи ин ҳодиса фавран мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ огаҳ шуда, кормандони ин мақомот ҳамроҳ бо коршиноси судиву тиббӣ ҷасади Зайдуллоевро муоина карданд. Дар протоколи навиштаи онҳо қайд шудааст, ки «аломатҳои берунаи марги маҷбурӣ ошкор нагардидааст». Ин гувоҳи он аст, ки далели рафтори бераҳмонаи кормандони Агентӣ дар ин ҳодиса ҷой надорад. Ғайр аз ин, дар тамоми биноҳои Агентӣ камераҳои мушоҳидаи видеойӣ гузошта шудаанд ва ҳамаи ҳодисаву рӯйдодҳои дар он рухдода шабонарӯзӣ сабт мешаванд.

Зимни тафтишот Зайдуллоев баёнот дод, ки тахминан аз моҳи декбари соли 2013 ӯ ба истеъмоли маводи мухаддири героин тариқи роҳҳои нафас (ингалятсионӣ) оғоз намуда, модараш изҳор намуд, ки якуним сол қабл писараш дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии нашъамандӣ табобат гирифтааст.

Маркази ҷумҳуриявии дармонгоҳи нашъамандӣ дар бораи дар қайди онҳо будани Зайдуллоев маълумотномаи расмӣ дод. Бевосита пас аз боздошт Ш.Зайдуллоев дар Маркази ҷумҳуриявии нашъамандӣ аз муоина гузаронида шуда, бемории «истеъмоли воситахои нашъаовари гурӯҳи афюн»-и ӯ тасдиқ шуд.

Рӯзноманигорони маводро таҳиянамуда натиҷаҳои ташхиси тиббии расмиро интизор нашуда, ба муайян кардани «ташхиси беморӣ» ба шитобкорӣ роҳ доданд, ки ин дар навбати худ ҷомеаро ба гумроҳӣ андохт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...