Барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар пойтахт шаҳрвандон 4 млн. сомонӣ ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи соли равон Раёсати шаҳри Душанбе барои вайрон намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шаҳрвандонро ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷарима кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҳазору 160 сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод, сардори РВКД-и шаҳри душанбе Назарзода Шариф Раҳмон дар нишасти ВКД. Бино ба гуфтаи ӯ,  дар муқоиса бо […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли равон Раёсати шаҳри Душанбе барои вайрон намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шаҳрвандонро ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷарима кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 ҳазору 160 сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод, сардори РВКД-и шаҳри душанбе Назарзода Шариф Раҳмон дар нишасти ВКД.

Бино ба гуфтаи ӯ,  дар муқоиса бо соли гузашта 3 ҳазору 562 санади маъмурӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 338 навор дар бораи вайрон намудани қоида ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (шикояти сокинон, қонуншиканӣ, наворҳои таҳқири зан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд) пахш гардидааст.

“Ҳар шикоят ва муроҷиате, ки тариқи Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ва сомонаҳои интернетӣ ворид мешавад, дар пайи он дар муддати кӯтоҳ гумонбар боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад”, – илова кард Назарзода Шариф. 

Ёдрас мешавем, ки барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар ҳоле ҷазо пешбинӣ гардид, ки духтарони ҷавон мактуби шикоятӣ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳимояти онҳо аз бадрафтории мардон дар хиёбонҳои пойтахт ирсол намуданд. Дар пайи шикояти духтарон шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ таъсис доданд, ки ҳамзамон рафтори мардонро 2700 дастгоҳи сабт назорат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.