Боздошти 2 нафар дар Хатлон ба гумони қатли ваҳшиёнаи сокини Ҷайҳун ва се фарзанди ӯ

Ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи 4 нафар – падар ва се нафар фарзандони ӯ ду нафар боздошт шуданд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ин ҷиноят мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд. Аз […]

Ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи 4 нафар – падар ва се нафар фарзандони ӯ ду нафар боздошт шуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ин ҷиноят мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.

Аз ҷузъиёти боздошт, инчунин сабабҳое, ки ҷинояткоронро ба содир намудани чунин амал водор намудааст, маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор12 июни соли равон дар деҳаи Тарғок (собиқ совхози ба номи Жданов)-и ноҳияи Ҷайҳун рух дод.

Он замон бо табар ё ашёи дигари ба он монанд Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се писари ноболиғи 8, 13 ва 14-солаи ӯ кушта шуданд. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат солим шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.