Оташзании вагон дар Иркутск: сафорат қазияро пайгирӣ дорад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита ба як ҳодиса дар шаҳри Иркутски Русия гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин ҳодиса рӯзи 12 ноябр бар асари муноқиша байни муҳоҷирони тоҷик ва сокинони маҳаллӣ ва оташ задани вагони истиқоматии муҳоҷирон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар пайи он,  ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Кумитаи тафтишоти Иркустк хабар додааст, ки вобаста ба ин ҳодиса мутобиқи моддаҳои “одамкушӣ”ва “суиқасд ба одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, якчанд нафар сокинони маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот рӯзи 23 ноябр ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пас аз гузашти се шабонарӯз гумонбаршудагонро раҳо кардаанд.

“Айни замон танҳо сокини 26-солаи маҳаллӣ дар боздошгоҳи пешакӣ қарор дорад”, – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Суди вилояти Иркустк қарор кардааст, ки се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар муноқиша ба ҳабс гирад.

“Онҳо дар авбошӣ ва кӯшиши куштор гумонбар мешаванд. Онҳо аз ҷумлаи се нафаре мебошанд, ки бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуда буданд, – изҳор дошт манбаъ. – Тақдири боз се нафари дигар, ки феълан дар бемористон бистарианд, ба наздикӣ маълум мешавад”.

Дар робита ба ин ҳодиса бо супориши сафири Тоҷикистон дар Маскав аз ҳисоби кормандони сафорат ва консулгарӣ дар Новосибирск гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, аъзои он бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи Русия ва инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрдаанд.

Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав бинобар сабаби “халалдор насохтани ҷараёни тафтишот”, аз пешниҳоди ҷузъиёти бештари ҳодисаи мазкур худдорӣ намуданд.

“Гурӯҳи корӣ бо қарори суди вилояти Иркустк розӣ нест, лекин то ҳол дар ин бора расман изҳороте нашудааст”, – афзуд манбаи дар боло зикршуда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...