“Даъватномаро нагирифта, фирор кард”. Ҷавоне барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ шартан аз озодӣ маҳрум шуд

Маъруф Ғоибзода, ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ намудан аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Маъруф Ғоибзода дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузаштааст ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Ба ӯ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Маъруф Ғоибзода, ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ намудан аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Маъруф Ғоибзода дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузаштааст ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Ба ӯ 28-уми октябри соли 2021 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор оид ба ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ даъватнома ирсол гардидааст, аммо ӯ “даъватномаро қабул накарда, ба самти номаълум фирор намуда, қасдан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон менависад, ки Додгоҳи ноҳияи Фархор нисбати Маъруф Ғоибзода бо моддаи 343-и қисми 1-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст. Додгоҳи ноҳияи Фархор ӯро ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ ҷазо додааст, аммо “бо дастрасии моддаи 71 қисми 1-и КҶ ба мӯҳлати 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъйин карда шудааст”.

Ин бори нахуст нест, ки ҷавонони тоҷик барои саркашӣ кардан аз хидмати ҳарбӣ гунаҳкор дониста мешаванд. Қаблан даҳҳо ҷавон бо ин модда маҳкум шуда буданд.

Бояд гуфт, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.