“Ҳама ё ҳеҷ кас”. Духтарони Афғонистон аз писарон хостанд то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд

Тибқи эълони сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон бо оғози соли таҳсили ҷадид, танҳо донишҷуёни писар ба донишгоҳҳо мераванд. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз донишҷуёни духтар дар номае аз донишҷуёни писар хостаанд, то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд.  Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад. Дар номаи саркушодаи донишҷӯёни маҳрумшуда аз таҳсил омадааст, ки “миллионҳо духтар дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тибқи эълони сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон бо оғози соли таҳсили ҷадид, танҳо донишҷуёни писар ба донишгоҳҳо мераванд. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз донишҷуёни духтар дар номае аз донишҷуёни писар хостаанд, то донишгоҳҳоро таҳрим кунанд.  Дар ин бора рӯзномаи 8 субҳ хабар медиҳад.

Дар номаи саркушодаи донишҷӯёни маҳрумшуда аз таҳсил омадааст, ки “миллионҳо духтар дар саросари Афғонистон бо чашмони ашкбор ба сӯи истодагии шумо хоҳанд нигарист ва шуҷоату ҳамроҳии шуморо таҳсин хоҳанд кард. Мо болои шумо садо мекунем, ки донишгоҳҳоро таҳрим кунед”.

Духтарони донишҷӯ ҳамчунон гуфтаанд, ки маҳрум кардани духтарон аз таҳсил бар хилофи ормонҳои муштараки занон ва мардон барои худкифоии Афғонистон аст ва бояд дар муқобили он истод.

Дар нома ҳамчунон гуфта шудааст, ки онҳо ваъдаи донишҷуёни писар дар ҷараёни эътирозҳо ва шиори “ё ҳама ё ҳеҷ кас”- ро ба ёд доранд ва мунтазиранд, то ҷаҳон истодани донишҷуёни писарро дар канори адолат ва озодӣ бубинад.

Донишҷуёни духтар ба ҳамсинфони писарашон гуфтаанд, “ба Толибон* дарс бидиҳед, ки вақте як миллат тасмим бигирад метавонад ба соддагӣ сохторҳои як гурӯҳи террористиро бо фурӯпошӣ рӯбарӯ кунад”.

Бояд гуфт, ки тибқи эълони сарпарасти Вазорат таҳсилоти олии Афғонистон, рӯзи душанбе, 6-уми март, нахустин рӯзи оғози соли таҳсили ҷадид аст.

Дар мактуби нашршуда аз сӯи ин вазорат, санаи бозгашти духтарон ба донишгоҳҳо мушаххас нашуда аст.

Толибон ҳудуди чаҳор моҳ пеш дари донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон бастанд. Иқдоме, ки эътирозҳои густурдаи донишҷӯён ва ҳам созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсонро дар пай дошт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.