Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон пас аз нашр ва паҳн шудани навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд. Ин наворҳо чанд вақти охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехуранд ва дар он сокинон, аз ҷумла ронандагони таксӣ шикоят мекунанд, ки вақти пардохт пули қалбакӣ истифода шудааст. Дар ин пулҳо, ба […]

Бонки миллии Тоҷикистон пас аз нашр ва паҳн шудани навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.

Ин наворҳо чанд вақти охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехуранд ва дар он сокинон, аз ҷумла ронандагони таксӣ шикоят мекунанд, ки вақти пардохт пули қалбакӣ истифода шудааст. Дар ин пулҳо, ба ҷойи Бонки миллии Тоҷикистон, "Чиптаи бонки Шӯхӣ" навишта шудааст.

Дар пайи ин Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния гуфт, ки “баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд”.

“Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд”, – навиш Бонки миллии Тоҷикистон

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хост, “зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ – сомонӣ диққат дода шавад” ва ҳангоми “ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур” хабар диҳанд.

Бояд гуфт, тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.

Пули қалбакиро чӣ тавр бояд фарқ кард?

Чанде пештар ба "Азия-Плюс" нишониҳои фарқкунандаи пули аслӣ аз қалбакиро коршиносони соҳа шарҳ дода буданд ва барои маълумоти бештари сокинон, нашри такрории онро муфид медонад.

Аломатҳои фарқкунандаи пулҳои қалбакӣ бо арзиши – 100 сомонӣ аз пулҳои аслӣ инҳоянд:

– Қоғази пул аз ду қабат сохта шуда, дар байни қабатҳои коғаз баъзе аз унсурҳои ҳимоявӣ, аз ҷумла риштаи ҳимоявӣ бо тасмачаи полиэтилении шаффоф бо навиштаҷоти “БМТ” дар байни қабатҳои коғаз ҷой карда шудааст. Барои шабеҳ будан ба коғази пули аслӣ қоғази пули қалбакӣ бо моддаи кимиёвии номаълум коркард шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар зери таъсири нурҳои ултрабунафш ҷило намедиҳад.

– Аломати обӣ бо тарзи кашидани расм ё бо ёрии тамға тақлид карда шудааст, вале тобишҳои хоси суратро надорад.

– Резанавиштҳо дар рӯй ва паси пул воқеъ дар зери расми И. Сомонӣ ва болои бино (парапет)-и “Қасри Президент” тақлид карда шудаанд ва дар зери заррабин хонда намешавад.

– Дар таҳти нурҳои ултрабунафш чоркунҷаи флуорэссенсӣ воқеъ дар маркази рӯи рости пул ва ҳамчунин нахҳои ҳимоявӣ ҷило намедиҳанд.

– “Ситорача”-ҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, аммо  ҳангоми ламсидан барҷастагӣ ҳис карда намешавад.

Маълумоти бештар дар бораи унсурҳои ҳимоявии  пулҳои коғазии барориши солҳои  2017-2018 дар ин пайванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.