Яке дар боздошт, дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ. Ду корманди пулиси Хатлон ба қаллобӣ гумонбар мешаванд

Алайҳи ду корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз онҳо дар боздошт буда, дуввумӣ, бо забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ будааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон имрӯз, 3-юми март хабар дода, аз гумонбарон Ҷ. Саидзода, навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД дар Хатлон […]

Алайҳи ду корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз онҳо дар боздошт буда, дуввумӣ, бо забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ будааст.

Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон имрӯз, 3-юми март хабар дода, аз гумонбарон Ҷ. Саидзода, навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД дар Хатлон ва А. Раҳмонзода, ёрдамчии ҳамин шуъба ном бурдаааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо моҳи июни соли 2025 аз як нафар бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷинояӣ нисбати писараш 30 ҳазор сомонӣ гирифта, байни ҳам тақсим кардаанд.

Мақомот алайҳи онҳо  бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори калон” (моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва барои баррасӣ ба  додгоҳ ирсол кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Назари кормандони пулис дар робита ба ин қазия маълум нест. Аз Оҷонсӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, Саидзода дар боздошт буда, Раҳмонзода баъди гирифтани забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ қарор доштааст.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомоти қудратӣ бо ҷурми қаллобӣ ва порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Қаблан, низ дар бораи боздошти кормандони ниҳодҳои ВКД хабарҳо нашр шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2025 ин ниҳод дар сохтори ВКД 89 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ кардааст. Вале маълум нест дар доираи ин парвандаҳо чанд корманди ВКД муҷозот шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.