Вазорати адлия роҳбарияти нави ҲДТ-ро расман эътироф кард

Рӯзи 5-уми феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲДТ, рӯзноманигор Раҷаби Мирзо хабар дод, пас аз санҷиши беш аз якмоҳаи ҳуҷҷатҳои анҷумани ғайринавбатии ҳизб чунин қарор қабул шудааст. «Вазорати адлия Оинномаи ҳизбро дубора ба қайд гирифта, аз мансаб барканор […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 5-уми феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲДТ, рӯзноманигор Раҷаби Мирзо хабар дод, пас аз санҷиши беш аз якмоҳаи ҳуҷҷатҳои анҷумани ғайринавбатии ҳизб чунин қарор қабул шудааст.

«Вазорати адлия Оинномаи ҳизбро дубора ба қайд гирифта, аз мансаб барканор шудани акнун собиқ раиси ҲДТ Масъуд Собиров қонунӣ гардид», – зикр кард ӯ.

Дар

Анҷумани ғайринавбатии

Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.

Қаблан шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.