Дар Тоҷикистон раиси боз як ҳизб дигар шуд. Ғиёсиддин Ашӯрзода кист?

Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд. Ивази роҳбар дар ҲИИТ зимни ҷаласаи ғайринавбатии ҳизб, ки 20-уми июл дар бинои Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия баргузор шуд, сурат гирифт. Рустам Қудратов, ҳамакнун раиси пешини ҲИИТ вақти эълони […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.

Ивази роҳбар дар ҲИИТ зимни ҷаласаи ғайринавбатии ҳизб, ки 20-уми июл дар бинои Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Русия баргузор шуд, сурат гирифт.

Рустам Қудратов, ҳамакнун раиси пешини ҲИИТ вақти эълони тасмими аз вазифа рафтан ва муаррифии раиси нави ҳизб гуфт:

“Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки он сиёсате, ки мо дорем ин ҷавони зебо бурда метавонанд. Мо, аз ҳизб рафтанӣ нестем, дар паҳлӯяшон меистем ва ба мақсадҳои ниҳоии худ мерасем”.

Рустам Қудратов таклифи идомаи фаъолият ба ҳайси роҳбари ҳизбро рад кард ва таъкид намуд, ки барои муваффақияти бештар дар интихоботи парлумонии соли 2025 аз вазифа меравад.

Бояд гуфт, Рустам Қудратов 5 соли охир, аз соли 2019 роҳбарии ҲИИТ-ро ба зимма дошт ва ӯ дар ин вазифа Олим Бобоев, муассиси ҳизбро иваз карда буд.

Раиси нав кист?

Ҳамакнун, Ғиёсиддин Ашӯрзода сеюмин раиси ҲИИТ гардид. Ӯ 48 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласаи ғайринавбатӣ Машраб Файзуллоев, ректори кунунии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бори дигар муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Якҷо бо ӯ, Рустам Қудратов, Сарвиноз Наҷмиддинова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ  соли 2005 таъсис ёфта, тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол 33 ҳазор аъзо дорад.

Ҳоло 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. Ва ин имкон додааст, ки ин ҳизб дар парлумон фраксияи худро ташкил кунад.

Аммо коршиносони мустақил, ин ҳизбро яке аз ҳизбҳои зиёди киссагӣ дар Тоҷикистон медонанд, ки дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин тағйири роҳбар дар сафи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон нест. Пештар аз ин, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ иваз шуда буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Шаҳбози Аброр, ҳамакнун раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки то ин дав узви раёсати ҲДТ буд, анҷумани ғайринавбатии ҳизбро даъват карда, зимни он Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раиси ҳизб барканор кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбари ҳамакнун пешини ҳизб ва вакили парлумон тасмими ҳамҳизбонаш ҷиҳати ивази роҳбари ҳизбро напазируфт ва ба Вазорати адлияи кишвар шикоят бурд. Шаҳбози Аброр ҳам ба ин вазорат муроҷиат кард. Ин ниҳод қарорҳои қабулкардаи анҷумани ғайринавбатии ҳизбро дуруст шуморид ва Шаҳбози Аброрро раиси ҲДТ эътироф намуд. Саидҷаъфар Усмонзода бошад, баъди чанде боздошт гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.