“Ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези низоъ ҳастем”. Нигаронии Тоҷикистон аз шиддати вазъ дар Ховари Миёна, бахусус дар Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот “аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Эрон” изҳори нигаронии амиқ кард. Вазъ дар Ховари Миёна дар пайи таниш миёни Амрико ва Эрон ва ҳушдорҳои ҳарду тараф, ҳамчунин, фиристода шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва баҳрӣ аз сӯйи Вашингтон ба ин минтақа ва дар ҳолати […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот “аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Эрон” изҳори нигаронии амиқ кард.

Вазъ дар Ховари Миёна дар пайи таниш миёни Амрико ва Эрон ва ҳушдорҳои ҳарду тараф, ҳамчунин, фиристода шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва баҳрӣ аз сӯйи Вашингтон ба ин минтақа ва дар ҳолати омодабош қарор доштани артиши Эролн, муташанниҷ боқӣ мемонад. Коршиносон аз эҳтимоли оғози як низои дигар ё ҳамлаи Амрико ба Эрон ҳушдор медиҳанд.

Дар чунин шароит Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз, 27-уми январ, бо нашри изҳороте таъкид кард, ки мухолифи истифодаи иқдомоти низомӣ ва “ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад”.

Аммо ВКХ-и Тоҷикистон дар ин изҳорот аз кишвари дигаре, ки эҳтимоли анҷоми иқдоми низомӣ алайҳи Эронро дошта бошад, ном набурд.

“Тоҷикистон даъват мекунад, ки ҷонибҳо бо риояи усули Оинномаи Созмони миллали муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал карда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд””, – навишт ин ниҳод.

Зикр кардан ба марид аст, ки Тоҷикистон то ҳол ягона кишвар дар минтақа аст, ки дар робита ба шиддати таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон мавқеашро ошкор иброз кард. Кишварҳои дигари минтақа то ҳол хомӯшанд.

Тоҷикистон пештар аз ин низ, ҳуҷуми Исроил ва Амрико ба Эрон дар тобистони соли гузаштаро бо қотеъият маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.