Президент марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Текс”-ро дар Данғара ба истифода дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Данғара марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Теск”-ро ба истифода дод, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ, инчунин лавозимоти шахсии гигиенӣ машғул аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, “Фарм Текс”, ки аз ҷониби соҳибкорӣ маҳаллӣ бунёд гардидааст, дар умум 13 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунад. Сехи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Данғара марҳилаи дуюми корхонаи “Фарм Теск”-ро ба истифода дод, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ, инчунин лавозимоти шахсии гигиенӣ машғул аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, “Фарм Текс”, ки аз ҷониби соҳибкорӣ маҳаллӣ бунёд гардидааст, дар умум 13 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунад.

Сехи истеҳсолии корхона бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз ва бо истифода аз он маҳсулоти аълосифати ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.

Дар марҳилаи дуюми корхона истеҳсоли бинтҳои тиббӣ аз пахтаи гигроскопии сафедкардашуда, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинтҳои докагии пахтагин, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.

Бо оғози фаъолияти коргоҳи “Фарм Текс” маводи тиббӣ аз қабили бинтҳои пахтагин, сачоқҳо ва дигар маводи тиббӣ дар дохили кишвар истеҳсол карда шуда, талаботи аҳолӣ ба чунин молҳо аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин мегардад.

Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.

Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсис додани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмуъ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис дода шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Коргарони коргоҳи дӯзандагиро асосан занону духтарони хонашин ташкил медиҳанд. Дар ин коргоҳ курпаҳои пахтагӣ, курпачаҳо ва рахти хоб истеҳсол карда мешавад, ки дорои сифати хуб мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари кории худро ба вилояти Хатлон Сарвари давлат рӯзи 28 май аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио