Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 43 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд

Ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон зимни як мулоқот, ки аз 3 то 8-уми октябр дар шаҳри Бонканди кишвари ҳамсоя баргузор гардидааст, 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд. Дар ин бора сомонаи девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад. Таъкид мешавад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст. Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад […]

Ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон зимни як мулоқот, ки аз 3 то 8-уми октябр дар шаҳри Бонканди кишвари ҳамсоя баргузор гардидааст, 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд.

Дар ин бора сомонаи девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.

Таъкид мешавад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.

Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва ҷонибҳо ба маълум кардани хати боқимондаи сарҳад идома хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки мулоқоти мазкур баъди вохурии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар санаи 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканд баргузор мегардад.

Дар ин мулоқот, ки таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, муовини раиси Девони Вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷараён гирифт, протоколи №44 ба имзо расид ва ҷонибҳо таъкид карданд, ки ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад.

Ёдовар мешавем, ки сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд ва маҳз аз ин сабаб, сари чанд вақт миёни ду кишвар низоҳои мусаллаҳона сар мезанад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.