Инсулини бепул барои беморони диабети қанд тамом шуд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки тибқи маълумоти вазорат, захираҳои доруи инсулини бепул барои беморони диабети қанд кайҳо тамом шуда, миқдори начандон зиёди инсулине, ки Вазорати тандурустӣ дар ихтиёр дорад, танҳо барои кӯдакон таъин шуда, ҳамон ҳам то охири моҳи август ба охир мерасад. Дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки тибқи маълумоти вазорат, захираҳои доруи инсулини бепул барои беморони диабети қанд кайҳо тамом шуда, миқдори начандон зиёди инсулине, ки Вазорати тандурустӣ дар ихтиёр дорад, танҳо барои кӯдакон таъин шуда, ҳамон ҳам то охири моҳи август ба охир мерасад.

Дар ҳамин ҳол, зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қанд фаромӯш шуда буданд, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба бархе аз чунин беморон бояд аз ҷониби давлат бепул инсулин дода шавад.

Зимни

нишасти хабарии аввали соли равон

зикр гардида буд, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нафар афроди гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор ба ҳудуди 3,5 ҳазор нафарашон бояд бепул инсулин дода шавад, ки маблағаш дар як сол наздики 5 млн. сомониро ташкил медиҳад, вале Вазорат чунин маблағро надорад.

Дар ҷаласаи парлумон моҳи ноябри соли 2015 далели мазкур боиси норозигиву ошуфтагии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров гардида, ӯ аз Вазорати молия тақозо намуда буд, ки дар ин самт тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

«Таъҷилан тартиб додани рӯйхати беморони ниёзманд ба гирифтани инсулин, аз ин рӯйхат хориҷ кардани афроде, ки ба харидани инсулин аз ҳисоби худ имкон доранд ва дарёфти воситаҳо барои харидории инсулин барои афроди боқимонда зарур аст», – изҳор дошта буд Зуҳуров ва ҳамчунин илова карда буд, ки нисфи вакилони парлумон низ аз касалии қанд азият мекашанд.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён изҳор карда буд, ки ин мушкилот дар фурсати наздиктарин ҳаллу фасл мешавад, вале мушкилот то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.

«Барои харидории ин доруворӣ маблағи зиёд даркор аст, ҷиҳати кумак мо ба мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат карда, барои дастрасии инсулин ба беморони диабети қанд Вазорат бо ҳамаи шарикону сарпарастон гуфтушунид дорад ва ба мо кумак дар ҳалли ин мушкилотро ваъда доданд», – гуфт Н.Салимзода.

Як қуттӣ доруи инсулин дар дорухонаҳо аз 120 то 180 сомонӣ арзиш дорад, вале на ҳамаи беморон имкон доранд, ки бо чунин нарх миқдори заруриро барои худ дастрас намоянд. Давоми солҳои 2010-2011 дар натиҷаи саривақт таъмин нашудани беморон бо инсулини бепул, ҳудуди 100 нафар дар Тоҷикистон фавтиданд.

Тибқи қатъномаи СММ, ки соли 2006 дар иҷлосияи 61-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба бемории диабети қанд қабул шуд, роҳбарони ҳамаи кишварҳо бояд барои вазъи солимии афроди гирифтор ба касалии қанд ҳатман масъулият дошта бошанд. Ин ба Тоҷикистон низ дахл дорад, ки узви СММ аст. Бо тафсилоти бештари ин масъала 

дар мавод бо суроғаи зерин

 шинос шуда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.