Ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ пинҳонӣ кӯчонида шуданд

Дар бораи пинҳонӣ кӯчонидану дар дигар ҷой гӯронидани ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ ба «Азия-Плюс» яке аз хешу ақрабои онҳо хабар дод. Ӯ аз он дар шигифт аст, ки баъди воқеа ба онҳо хабар додаанд. Пайвандону наздикони Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафиро дар бораи ба қабристони Лучоб кӯчонидани ҷасадҳо баъди […]

Дар бораи пинҳонӣ кӯчонидану дар дигар ҷой гӯронидани ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ ба «Азия-Плюс» яке аз хешу ақрабои онҳо хабар дод. Ӯ аз он дар шигифт аст, ки баъди воқеа ба онҳо хабар додаанд.

Пайвандону наздикони Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафиро дар бораи ба қабристони Лучоб кӯчонидани ҷасадҳо баъди сурат гирифтани воқеа огаҳ кардаанд.

«Ман он ҷо рафтам, моро аз ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди воқеа огоҳ карданд, – гуфт яке аз хешу ақрабои онҳо. – Моро ба он ҷо даъват накарданд, ки аз ин норозием. Ҳарчанд мансабдорон мегӯянд, ки гӯё ин ҷо макони фароғату истироҳат мешаваду кӯчонидани ҷасадҳо ба хотири эҳтироми ёдбуди наздикони мо сурат мегирад, ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ки ин амал нодуруст аст, зеро замони шӯравӣ дар ин боғ макони бозии кӯдакон ва гулгашти ёдбуд ҳам буд».

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби даъват нашудани онҳо яқинан ба изҳороти норозиёнаи хешовандаон дар ВАО марбут аст.

«Фаҳмидам, ки ин ба касе дар боло хуш наомадааст, ҳарчанд ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмон вақте моро дар Академияи илмҳо ҷамъ карда буд, ваъда дод, ки ҳангоми ба ҷойи дигар кӯчонидани ҷасадҳо моро даъват мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, касе аз намояндагони ҳокимият гуфтааст, вақте гӯрҳои наздикони моро мекофтаанд, муллоеро даъват кардаанд, ки дуо хондааст. «Ман ба ин шубҳа дорам, зеро ин кор хеле махфӣ анҷом дода шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.