Таҳмина Ҳайдарова: Занони тоҷик аз ҳамсарони худ гирифтори ВНМО шудаанд

Ӯ яке аз аввалин бонувон дар Тоҷикистон аст, ки ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сироят ёфтанашро ошкоро баён кардааст. Сарфи назар аз мавҷудияти доғгузорӣ ва табъиз дар ҷомеа, аз гуфтани мушкилоти занони сироятёфта намеҳаросад ва барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо талош мекунад. Таҳмина Ҳайдарова, сарвари Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО меҳмони навбатии лоиҳаи “В […]

Ӯ яке аз аввалин бонувон дар Тоҷикистон аст, ки ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сироят ёфтанашро ошкоро баён кардааст. Сарфи назар аз мавҷудияти доғгузорӣ ва табъиз дар ҷомеа, аз гуфтани мушкилоти занони сироятёфта намеҳаросад ва барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо талош мекунад.

Таҳмина Ҳайдарова, сарвари Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО меҳмони навбатии лоиҳаи “В чем сила, сестра?” (Тавоноӣ дар чист, хоҳар?) мебошад. Ӯ зимни мусоҳиба дар бораи мушкилоти бонувони сироятёфта нақл кард ва таъкид дошт, ки занони тоҷик аксаран аз ҳамсарони худ гирифтори ВНМО шудаанд.

Ба ақидаи ин коршинос, Тоҷикистон бояд моддаи 125-и Кодекси ҷиноятиро бознигарӣ кунад, зеро он ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалӣ нест. Вай афзуд, соли гузашта аз рӯйи моддаи мазкур тақрибан 50 сироятёфтаи ВНМО ҳабс шудаанд.

«В чем сила, сестра?» (Тавоноӣ дар чист, хоҳар?) – лоиҳаест, ки дар он занони тавоно ва муваффақ дар бораи ҳама чиз изҳори назар мекунанд: аз таассуроти амиқи шахсӣ то масоили хеле муҳиму рӯзмарраи кишвар.

Шакли мукаммали мусоҳиба ва навори видеоӣ танҳо дар шабакаи Youtube-и Asia-Plus дастрас буда, подкасти онро дар маҷаллаи ҳамарӯзаи аудиои PodFM шунида метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.