“Ба Вазорати тандурустӣ умед набандед”. Табибон воситаҳои муҳофизатро худашон мехаранд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар Муассисаи давлатии “Шифобахш” (Маркази миллии тиббӣ, Қарияи Боло) табибонро уҳдадор кардаанд, ки аз ҳисоби худашон воситаҳои муҳофизат харида, ба мубориза бо хуруҷи коронавирус омода шаванд. Лекин роҳбарияти муассиса ин маълумотро беасос медонад. Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” чанде аз табибон изҳор доштанд, ки либосҳои муҳофизатии тиббиро аз ҳисоби […]

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар Муассисаи давлатии “Шифобахш” (Маркази миллии тиббӣ, Қарияи Боло) табибонро уҳдадор кардаанд, ки аз ҳисоби худашон воситаҳои муҳофизат харида, ба мубориза бо хуруҷи коронавирус омода шаванд.

Лекин роҳбарияти муассиса ин маълумотро беасос медонад.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” чанде аз табибон изҳор доштанд, ки либосҳои муҳофизатии тиббиро аз ҳисоби худашон мехаранд.

“Маҷмӯи пурраи чунин либосро мо чанде пеш бо нархи 450 сомонӣ харидем. Шояд танҳо ба табибони шуъбаҳои қабул ва эҳёгарӣ бепул чунин либос медиҳанд. Лекин аксари шуъбаҳои марказ бар асоси ҳисоби хоҷагӣ кор карда, табиист, ки хилъатҳои шахсӣ ва дигар лавозимотро табибон худашон дастрас мекунанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як корманди маркази тиббӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Дар минтақаҳо ҳам аҳвол чунин аст

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи табибон аз минтақаҳо, раҳбарияти беморхонаҳо онҳоро ба харидани воситаҳои муҳофизат аз ҳисоби худашон маҷбур кардааст.

“Дар беморхонаи мо ҳамаи шуъбаҳоро уҳдадор карданд, ки миқдори муайяни ниқобу дастпӯшак ва либоси муҳофизатӣ харем. Чун дар шуъбаҳо фонди алоҳида нест, мудирон ва дигар кормандони тиббиро ба харидани воситаҳои муҳофизатӣ аз ҳисоби худ уҳдадор карданд”, – хабар дод як табиб аз вилояти Суғд.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустӣ ба беморхонаҳои минтақа тавсия додааст, ки воситаҳои муҳофизатиро аз ҳисоби худашон дастрас кунанд.

“Дар Вазорат ба мудирони беморхонаҳо гуфтаанд, ки рӯйхати лавозимоти намерасида, аз ҷумла, воситаҳои муҳофизатиро тартиб дода, барои ҳалли ин масъала ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунанд ва ба Вазорати тандурустӣ умед набанданд”, – гуфт манбаъ.

Вазорат беморхонаҳоро уҳдадор кард

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба беморхонаҳо супориш додани харидории воситаҳои муҳофизатиро ба кормандони худ рад накарда, изҳор доштанд, ки чунин дастур ба беморхонаҳое дода шуд, ки беморонро пулакӣ қабул мекунанд.

“Агар маблағи буҷети беморхона кифоя набошад, онҳо ҷиҳати кумак ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда метавонанд, зеро Вазорат дар як вақт ҳамаи муассисаҳои тиббиро бо воситаҳои муҳофизат таъмин карда наметавонад. Кумакеро, ки аз созмонҳои байнулмилалӣ гирифтем, аллакай тақсим кардем. Ин кумак барои ҳамаи беморхонаҳои кишвар кофӣ нест”, – хабар доданд дар Вазорати тандурустӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 21-уми апрел дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.