Даргузашти вазири пешини молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён

Собиқ Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар синни 62 солагӣ даргузаштааст. Дар ин бора саҳифаи расмии Вазорати молияи Тоҷикистон дар “Фейсбук”  хабар дод. Манбаъ дар бораи сабаби марги Қурбониён чизе нагуфтааст ва танҳо аз номи “роҳбарият ва ҳайати кормандони ин ниҳод ​аз марги нобаҳангоми ӯ сахт андуҳгин шуда, дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли […]

Собиқ Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар синни 62 солагӣ даргузаштааст. Дар ин бора саҳифаи расмии Вазорати молияи Тоҷикистон дар “Фейсбук”  хабар дод.

Манбаъ дар бораи сабаби марги Қурбониён чизе нагуфтааст ва танҳо аз номи “роҳбарият ва ҳайати кормандони ин ниҳод ​аз марги нобаҳангоми ӯ сахт андуҳгин шуда, дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли оила ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил” хостааст.

Дар Вазорати молия ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки  маросими намози ҷанозаи Қурбониён, пас аз асри имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара, баргузор мешавад.

Абдусалом Қурбонзода, дар ноябри соли 2013 баъди ташкили кобинаи нави ҳукумати Тоҷикистон вазири молия таъин шуд, ки то соли 2018 дар ин симат кор кард. Ӯ яке аз вазирони пурбаҳси молия дар Тоҷикистон буд, ки баъзе мушоҷираҳои расонаӣ бо ширкати алюминийи тоҷик – Талко низ дошт. 

Абдусалом  Қурбониён  дар ноҳияи Данғара соли 1959 таваллуд шуда буд.  Соли 1982 риштаи муҳандисии сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1999 риштаи иқтисоди Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро хатм карда буд. Ҳамчунин соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро дар риштаи молия, андоз ва қарз низ хатм карда буд.

Ӯ ба унвони  ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара корро оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дар бахшҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст. То омадан ба мақоми вазири молия мудири Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.