Агентии ҳавонавардӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хост нархи билетҳо ба Русияро пойин баранд

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия ва бозпас аз он ҷо парвозҳо анҷом медиҳанд, талаб кард, ки нархи билетҳоро поин баранд ва беасос болоравии онро шарҳ бидиҳанд. Ин талаб дар ҷаласаи таъҷилии Агентӣ, ки 18 январ доир гардид, баён шуд. Дар он роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода, муовини аввали раиси […]

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия ва бозпас аз он ҷо парвозҳо анҷом медиҳанд, талаб кард, ки нархи билетҳоро поин баранд ва беасос болоравии онро шарҳ бидиҳанд.

Ин талаб дар ҷаласаи таъҷилии Агентӣ, ки 18 январ доир гардид, баён шуд. Дар он роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, UTair, «Сибирь», «Северный ветер» ва «Сомон Эйр», ки аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, иштирок кардаанд.

“Мо аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаб кардем, ки дар бораи беасос боло бурдани нархи билетҳо маълумот пешниҳод кунанд. Онҳо огоҳ карда шуданд, ки агар нархҳоро поин набаранд, Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавриди минбаъд иҷро шудани парвозҳои мунтазам аз ҷониби онҳо чораҷӯӣ мекунад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии мазкур.

Зимнан зикр шуд, ки ба мудирони кулли ширкатҳои ҳавопаймоӣ мактубҳои расмӣ фиристода шуда, дар он боисрор талаб шуд, ки нархи билетҳои ҳавопаймо фавран поин бурда шаванд.

Раҳбарияти Агентӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки мувофиқи қарори ин ниҳод, арзиши билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва бозпас аз он набояд аз 500 доллар зиёд шавад.

“Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мо дар бораи 500 доллар муайян кардани арзиши билетҳои ҳавопаймо аз як самт ва бозпас қарор қабул кардем. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, онҳо билетро 300-350 доллар монда метавонанд, лекин билети бозпас аз Маскав ба Душанбе бояд 150-200 доллар нарх дошта бошад. Онҳо ҳамеша бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”, – зикр гардида буд қаблан.

“Ширкатҳои ҳавопаймоӣ гунаҳкор нестанд”

Намояндаи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон бо номи Абдуҳабиб (ном иваз шудааст) ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки агар сабаби якум ва дуюми қиматшавии билетҳо ба оғози мавсими нав ва афзоиши нархи авиакеросин вобаста бошад, сабаби сеюмаш – арзиши баланди хидматрасонии фурудгоҳҳо мебошад.

“Хидматрасонии фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои минтақа қиматтаранд. Ҳама савол медиҳанд, ки “чаро билети ҳавопаймо аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Русия арзонтар аст, ҳарчанд ҳамон як ширкати ҳавопаймоӣ бошад ҳам?”. Барои ин, ки хидматрасонии ин фурудгоҳҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нисбат ба Тоҷикистон арзонтар меафтад. Барои ҳамин билетҳо ҳам арзонтар мешаванд”, – иброз дошт Абдуҳабиб.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи хидматрасонии фурудгоҳҳо ҳам дар нархгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки агар қиматшавии билетҳои ҳавопаймо бо чунин суръат давом кунад, шояд вазъи баҳори соли 2021 такрор шавад: зиёда аз 14 ҳазор сомонӣ нархи билет ба Маскав.

Тайи чанд ҳафтаи ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас ҳоло нархи билетҳо қариб ду баробар – зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафтааст. Ин зиёдтар аз нархи муқарраркардаи Агентиии авиатсияи граждании кишвар ба парвоз аз Душанбе ба Маскав ва бозгашт мебошад.

“Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 20-уми январ аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешавад, 7 ҳазору 248 сомониро ташкил медиҳад, – хабар доданд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе.

Қаблан яке аз фурӯшандагони хазинаҳои пойтахт бо номи Алишер ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки босуръат болоравии арзиши билетҳои ҳавопаймо ба оғози мавсими нав ва талаботи баланди мусофирон вобаста аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.