Даргузашти Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27-уми январ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморие, ки дошта даргузашт. Дар ин бора бародарзодаи марҳум Фелик Лоҳутӣ дар Фейсбук хабар додааст. Далер Лоҳутӣ, 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи […]

admin

Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27-уми январ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморие, ки дошта даргузашт. Дар ин бора бародарзодаи марҳум Фелик Лоҳутӣ дар Фейсбук хабар додааст.

Далер Лоҳутӣ, 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд.

Далер Лоҳутӣ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов буд.  Соли 1971 дар мавзуъи "Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. 

Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд. Узви Анҷумани ҳуши сунъии Русия низ буд.

Соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуъи "Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ" дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст. 

Ӯ асари "Рисолаи фалсафиву мантиқӣ"-и Людвиг Вингтейнштейн, "Дониши объективӣ"-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.

Ду сол пеш, дар моҳи ноябри соли 2020 писари дигари Лоҳутӣ, Гив Лоҳутӣ, низ дар 85-солагӣ дар Маскав даргузашта буд.

Дар ҳоли ҳозир, ягона духтари Лоҳутӣ, дуктур Лайло Лоҳутӣ, эроншиноси варзида ва тарҷумонӣ номӣ боқӣ монда, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.