“Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”: телевизиони нав дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард

Имрӯз, 1-уми апрел дар Душанбе телевизиони давлатии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ки қарори таъсисёбиаш соли гузашта аз ҷониби ҳукумати кишвар ба имзо раисда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Қарори таъсиси ин телевизион якҷой бо телевизиони “Илм ва табиат”, ки аллакай фаъол аст, аз сӯйи расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд. Моҳи ноябри соли гузашта […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми апрел дар Душанбе телевизиони давлатии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ки қарори таъсисёбиаш соли гузашта аз ҷониби ҳукумати кишвар ба имзо раисда буд, ба фаъолият оғоз намуд.

Қарори таъсиси ин телевизион якҷой бо телевизиони “Илм ва табиат”, ки аллакай фаъол аст, аз сӯйи расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Моҳи ноябри соли гузашта Амирзода Дилафрӯз, ки қабалан директори телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” буд, мудири Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъйин гардид.

Телевизиони навтаъсис соҳавӣ буда, аз бурду бохти соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барномаҳо нашр мекунанд. Қарори таъсисёбии он аз сӯйи ҳукумати кишвар 30 июни соли 2021 ба имзо расид ва шабакаи нав бо назардошти ҳайати хизматрасони техникӣ 143 воҳиди корӣ дорад.

Шабака дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Таъсиси боз як телевизиони нав дар кишвар, дар ҳолест, ки чанд соли охир дар бораи мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар дар доираҳои касбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо зиёд аст. Хоса, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва муҳтавои пасти барномаҳои он мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол бархеи дигар таъсиси онро афзоиши шумораи корӣ барои журналистон ва аз васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва дониши мардум мегӯянд. Ин дар ҳолест, ки барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон телевизион манбаи асосии иттилоот боқӣ мемонад.

Ба иттилои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон айни замон дар кишвар 13 шабакаи телевизионии давлатӣ (8 шабакаи умумиҷумҳурӣ ва 5-то маҳаллӣ) ва 33 шабакаи хусусӣ фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.