Ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик Ҷунайд Ибодов аз олам даргузашт

Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик ва ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асари беморие, ки дошт, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт. Наздикони дӯстони ин хонавода бо нашри изҳори тасаллият аз Ҷунайд Ибодов ба сифати як  шахсияти нек ва ҳуқуқшиноси варзида  ёдовар шудаанд. Гуфта мешавад, ки сабаби даргузашти […]

Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик ва ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асари беморие, ки дошт, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Наздикони дӯстони ин хонавода бо нашри изҳори тасаллият аз Ҷунайд Ибодов ба сифати як  шахсияти нек ва ҳуқуқшиноси варзида  ёдовар шудаанд.

Гуфта мешавад, ки сабаби даргузашти марҳум бемории сактаи қалб аст.

Ҷунайд Ибодов аз камтарин ҳуқуқшиносони саршинос буд, ки  дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард. Ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як ҳуқуқшиноси донишманду таҷрибадор ёдоварӣ мекунанд.

Ҷунайд Ибодов шавҳари ҳуқуқшиноси номвари тоҷик Ойниҳол Бобоназарова буд. Дар суҳбатҳо аз ҳамсари машҳураш бо ифтихор ёд мекард.

“Азбаски ману ҳамсарам Ойниҳол Бобоназарова ҳамкасбем, китобҳову ҳафтаномаҳоро ҳамроҳ мехонему баррасӣ мекунем. Бо бонуи ҳуқуқшинос зистан, ба ақидаи ман, шараф аст. Ман ба Ойниҳол ҳам дар корҳои хона ва ҳам дар фаъолияти касбиаш мадад мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсари азизам руҳан осуда бошад. Саодати зиндагӣ дар ҳамдилию ҳамфикрист”,- гуфта буд ӯ дар яке аз суҳбатҳо.

Ҷанозаи Ибодов, имрӯз, соати 17:30 дар масҷиди марказии деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.