Ёди қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Суғду Хатлон

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд. Ба иттилои Умар Ситамов, директори мактаби №15 дар Ховалинг, Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг зимни ҷаласаи хеш бо ҳузури директорони […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд.

Ба иттилои Умар Ситамов, директори мактаби №15 дар Ховалинг, Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг зимни ҷаласаи хеш бо ҳузури директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳия, пешниҳод карданд, ки МТМУ №15-и деҳаи Дараи Мухтор ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов гузошта шавад.

“Ҳоло ба хотири арҷгузорӣ ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг қарор қабул намуд ва он ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Ховалинг ирсол гардид”, – гуфт Умар Ситамов.

Шуҳратҷон Наҷмиддинови 33-сола аз ноҳияи Ховалинг буд, қабл аз кушта шудан дар симмати муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара фаъолият мекард ва рӯзи 16-уми сентябр, ҳангоми муқобилият ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ҷони худро аз даст дод.

Аз марҳум Шуҳратҷон Наҷмиддинов 3 фарзанд ятим монданд.

Бояд гуфт, хабари даргузашти Шуҳратҷон Наҷмиддиновро модари марҳум Замзам Мирзоева дар шабакаи иҷтимоии фейсбук интишор кард.

Пас аз нашри хабар, як гурӯҳ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси ноҳияи Ховалинг Маҷиди Муҳтадӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки “ба хотири абадан ба ëдгор мондани номи шаҳиди ҷонфидо Шуҳратҷон Наҷмиддинов ягон муассиса ва ё хиёбон ба номи ӯ гузашта шавад”.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба номи Хирадманд Усмонзода, як афсари дигари ҷонбохта дар даргириҳои марзӣ, номгузорӣ шавад. Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати деҳоти Урметани Айнӣ дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт, “пешниҳоди мазкур дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад ва умед дорем, ки он расмӣ гардад”.

Хирадманд Усмонзодаи 28-сола яке аз афсарони дигари қурбоншуда дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва аз ӯ низ як кӯдаки дусола ятим мондааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқишаи моҳи июни соли равон, ки он замон низ чанд нафар сарбозону афсарони тоҷик қурбон шуда буданд, дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.