Фаъолияти “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” қатъ шудааст

Фаъолияти “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки дар гузашта ба аҳолӣ, аз ҷумла зиндониёну боздоштшудагон ва ҷабрдидагони тахриби биноҳо дар пойтахт кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонид, қатъ карда шудааст. Дар ин бора Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ин ташкилот бо ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 26-уми январи соли […]

Фаъолияти “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки дар гузашта ба аҳолӣ, аз ҷумла зиндониёну боздоштшудагон ва ҷабрдидагони тахриби биноҳо дар пойтахт кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонид, қатъ карда шудааст.

Дар ин бора Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, ин ташкилот бо ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 26-уми январи соли 2023 барҳам дода шуд.

Ӯ гуфт, қатъи фаъолияти марказ ба вайрон кардани талаботи оинномавии он рабт дорад, ки зимни як санҷиши аз сӯи Вазорати адлия ошкор шудааст.

“Дар рафтаи санҷиши ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” як қатор камбудиҳо ошкор карда шуд ва мо аризаи даъвогиро ба Додгоҳи Исмоили Сомонӣ пешниҳод кардем. Бо ҳалномаи додгоҳ ин ташкилот аз 26-уми январи соли 2023 барҳам дода шуд”, – гуфт муовини вазири адлия.

Номбурда саривақт пешниҳод накардани огоҳиномаи молиявӣ, огоҳинома оид ба идомаи фаъолияти кор, инчунин, як қатор қонуншиканиҳои дигар дар самти фаъолият ва меҳнатро аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоршуда ном бурд.

“Вобаста ба ҳамаи ин қонуншиканиҳо мо маҷбур шудем, ки ба додгоҳ муроҷиат кунем, то ин ки додгоҳ оид ба ин масъала қарори дахлдор барорад”, – шарҳ дод Асадулло Ҳакимзода.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони масъули Вазорати адлия дар суҳбати алоҳида бо “Азия-Плюс” яке аз сабабҳои дигари қатъи фаъолияти ташкилотро надоштани филиалу намояндагӣ дар минтақаҳои кишвар арзёбӣ кард.

Манбаъи мо ба шарти наовардани номаш гуфт, он ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буд ва яке аз уҳдадориҳои он оз кардани филиалу намояндагиҳо дар дминтақаҳо буд, ки иҷро накард.

“Вақте ташкилот статуси ҷумҳуриявӣ дорад, бояд ҳатман дар минтақаҳо филиал ё намояндагӣ дошта бошад. Вақте Ташкилоти ҷамъиятиву ҷумҳуриявии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” ин корро накард, аз ҳадди ваколати оинномавиаш берун шуд. Вақте аз ваколати оинномавӣ берун шуд, ин сабаб мешавад, ки фаъолияти ташкилот барҳам дода шавад”, – шарҳ дод ин масъули вазорати адлия.

Шоира Давлатова, роҳбари "Маркази мустақили ҳифҳи ҳуқуқи инсон", бо ишора ба идома ёфтани раванди барҳамдиҳӣ гуфт, масъаларо шарҳ дода наметавонад.

Гуфта мешавад, ки мурофиаи додгоҳӣ танҳо як рӯз давом кард ва  як моҳ пас аз ба даст гирифани ҳукми додгоҳ, он қувваи қонунӣ хоҳад гирифт. 

“Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” аз камтарин ташкилотҳои ҷамъиятӣ буд, ки аҳолӣ ба онҳо барои кӯмаки ҳуқуқии ройгон муроҷиат мекарданд. Аз ҷумла, яке аз лоиҳаҳои бузурги онҳо ҳимоят аз ҳуқуқи онҳое буд, ки хонаҳояшонро дар пойтахт тахриб мекарданд. Ҳамчунин, қисме аз фаъолияти онҳо ба дастрасии аҳолӣ ба манзилҳои иҷтимоӣ рабт дошт ва онҳо дар якҷоягӣ бо мақомот лоиҳаи қонуни Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба манзили иҷтимоиро омода карда буданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи иттилои Вазорати адлия дар соли гузашта қариб 500 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 350 адад зиёд мебошад: соли 2021 фаъолияти 138 ташкилоти ҷамъиятӣ қатъ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.