Муаррифии “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар Душанбе

Китоби нави Абдухалил Холиқзод бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки бештар ба ковиши қуввату заъфҳои кишвар бахшида шудааст, дирӯз, 15-уми март, бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорони шинохта, дар Душанбе рӯнамоӣ шуд. Дар ин китоб ёддошту мушоҳидаҳо ва афкори муаллиф гирдоварӣ гардидааст, ки солҳои гуногун навишта шудаанд. “Матлабҳое, ки дар ковиши заъфҳо навишта шудаанд, ба сони оинаанд, […]

Китоби нави Абдухалил Холиқзод бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки бештар ба ковиши қуввату заъфҳои кишвар бахшида шудааст, дирӯз, 15-уми март, бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорони шинохта, дар Душанбе рӯнамоӣ шуд.

Дар ин китоб ёддошту мушоҳидаҳо ва афкори муаллиф гирдоварӣ гардидааст, ки солҳои гуногун навишта шудаанд.

“Матлабҳое, ки дар ковиши заъфҳо навишта шудаанд, ба сони оинаанд, ки муаллиф ҳамроҳ бо пешниҳодҳои созандаи худ дар рӯбарӯи мухотаби ҳамватани худ гузоштааст. Мақсад аз оинадорӣ бармало кардани заъф баҳри рафъи он аст. Ба оина наметавон шӯрид, шӯридан ба оина худшефтагист, ки дар тиб онро беморӣ медонанд!”, – зикр мешавад дар сарсухани китоб.

Муаллиф ин номаро ба ду сабаб навиштааст: нахуст, ин ки иншо кардан тақозои табиаташ гашта ва дувум, натавонистааст ба тақдири миллату кишвараш бетафовут бошад.

Гуфта мешавад, ёддошту мушоҳидаҳои нависанда дар солҳои гуногун навишта шуда бошанд ҳам, тарзе чида шудаанд, ки дар дарки мухотаб халал эҷод намекунанд.

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман" ҳам бо хаттии кирилӣ ва ҳам бо хатти форсӣ ба табъ расидааст ва барои доираи васеъи хонандагон пешниҳод мешавад.

Дар маросими муаррифии китоби ҷадид нависандаи тоҷик Сорбон, нависанда ва адабиётшинос Қодири Рустам, ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназарова, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, рӯзноманигор Умед Бобохонов, таърихнигор Сайфулло Муллоҷон ва дигар намояндагони аҳли адаби кишвар иштирок карда, андешаҳои худро оид ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” иброз доштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдухалил Холиқзода дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст.

Соли 1983 ба факултаи шарқшиносии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, давоми таҳсил муддате дар Ҳиндустон коромӯзӣ кардааст.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Абдухалил Холиқзода ба тиҷорат машғул шуд ва миёни ҷомеа ҳамчун соҳибкор шинохта гардид.

Ӯ соли 2008 Бемористони байналмилалии Ибни Синоро дар Душанбе таъсис дод, ки ҳоло низ фаъол аст.

Дар баробари тиҷорат, Абдухалил Холиқзода аз эҷод низ дур нашуд ва соли 2018 китоби "Моҷарои рафта"-и худро нашр кард.

Ҳамчунин, ӯ нашри Девони Рӯдакӣ ва китоби дувуми "Сармаддеҳ"-ро сармоягузорӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.