Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аз олам даргузашт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон шоми дирӯз, 24-уми май, дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора пайвандонаш ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Қосимова 72 сол дошт ва то нафасҳои охирин дар Театри Аҳорун фаъолият мекард.

Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ шоми дирӯз аз олам даргузашт. Имрӯз, 25-уми май, ҳунарпешаро баъди намози пешин дар масҷиди Хол Машраб ҷаноза мекунанд ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррухи Қосимов, ҳунарпеша ва коргардони шинохтаи тоҷик буд. Хоҳари ӯ Муқаддас Набиева ҳам аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик буд, ки дар ҷавонӣ ба таври мармуз аз олам даргузашт.

Сабоҳат Қосимова 19-уми ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омада буд. Соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кард.

Дар солҳои 1973-1989, 1999-2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 ҳунарпешаи Театри Аҳорун буд. Дар чанд соли охир роҳбари бадеии Театри Аҳорунро ба зимма дошт.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ аҳли адабу ҳунар даргузашти Сабоҳат Қосимоваро нобаҳангом ва барои театри тоҷик талх мегӯянд.

Таъкид мешавад, ки Сабоҳат Қосимова аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд ва марги ӯ шикасте дар ин самт арзёбӣ мешавад. Ӯ баъди марги ҳамсараш Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт.

Аз беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ метавон Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраро ном бурд.

Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.

Сабоҳат Қосимова дар ҳайати Театри «Аҳорун» ба Эрон, Русия, Белгия, Полша, Голландия, Фаронса сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.

Сабоҳат Қосимова барандаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», «Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст.

Соли 2014 унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони ҳунарманд ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...