ВКД дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошинро рад кард

Вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки бар асари он 6 нафар ҷон бохт, рад кард. Ин ниҳод бо нашри изҳороте дар сомонааш навиштааст, ки “ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд”. Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми июл бар асари ба дарё сарозер шудани як мошин […]

Вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки бар асари он 6 нафар ҷон бохт, рад кард.

Ин ниҳод бо нашри изҳороте дар сомонааш навиштааст, ки “ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми июл бар асари ба дарё сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ронанда ва панҷ тан аз мусофиронаш ба ҳалокат расиданд.

Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.

Бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса, ВКД бо нашри гузориш дар сомонааш, зикр кард, ки мусофирони дигари автомашинаи мазкур – Ҷӯрабек Менгиқулов ва Ҳусейн Менгиқулов, сокинони ноҳияи Ёвон дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

“Дар рафти таҳқиқ мусофирони мазкур мавриди пурсиш қарор гирифта, онҳо ҳолати таъкиб намудани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд”, – навиштааст ВКД.

Дирӯз, 26-уми июл, муовини додситони вилояти Хатлон Валӣ Ваҳҳобов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.

“Муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”, – гуфт Валӣ Ваҳҳобов.

Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти садами мазкур худдорӣ кард ва нагуфт, ки омили аслии он чӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.