Даргузашти академик Саидмуҳаммад Одинаев

Саидмуҳаммад Одинаев, академик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик шаби гузашта бар асари беморие, ки дошт, дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Фаъолияти илмии узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика, академик Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ […]

Саидмуҳаммад Одинаев, академик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик шаби гузашта бар асари беморие, ки дошт, дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Фаъолияти илмии узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика, академик Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз шуд.

Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи ДМТ таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 дар Тоҷикистоне ҳимоя кард.

Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Хидматҳояш бо ордени “Шараф” арҷгузорӣ шуда, ӯ ба сифати узви пайвастаи чандин академияҳо (Академияи миллии илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои Ню-Йорк, Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ) пазируфта шуда буд.

Ҳамзамон, узви бюрои шуъбаи илмҳои физикаю математика ва химияву геологияи АИ ҶТ, узви Комиссияи ҳамкорӣ бо МАГАТЕ дар назди Ҳукумати ҶТ, Раиси Шурои махсусгардонидашудаи илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ оид ба физика дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” даргузашти академик Саидмуҳаммад Одинаевро ба аҳли илм ва ҷомеаи кишвар таслият гуфта, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.