Хадамоти гумрук: Манъи воридоти автомобилҳои кӯҳна аз 2 октябр мавриди амал қарор мегирад

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон зиёда аз 36 ҳазор автомашинаҳои сохти то соли 2013 ворид карда шуд. Ин охирин миқдори чунин автомашинаҳо аст: аз 2 октябр воридоти онҳо ба кишвар пурра қатъ мешавад. Сабаби аслии манъи воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ва коҳиши ҳаҷми партовҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон зиёда аз 36 ҳазор автомашинаҳои сохти то соли 2013 ворид карда шуд. Ин охирин миқдори чунин автомашинаҳо аст: аз 2 октябр воридоти онҳо ба кишвар пурра қатъ мешавад.

Сабаби аслии манъи воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ва коҳиши ҳаҷми партовҳои зарарнок ба атмосфера унвон мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Хуршед Каримзода хабар дод.

Тибқи маълумоти ӯ, соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор  ва соли 2021 – зиёда аз 27 ҳазор автомашинаҳои кӯҳна оварда шудаанд.

Ба ақидаи Каримзода, тайи солҳои ахир воридоти автомобилҳои кӯҳна ба кишвар ба таври кофӣ сурат гирифта, имрӯз онҳо дар роҳҳо хеле зиёд ба назар мерасанд. Бинобар ин, ӯ бар ин назар аст, ки қарори қабулкардаи ҳукумат аз 2 август дар бораи манъи воридоти воситаҳои нақлиёти сохти то соли 2013 ба қаламрави ҷумҳурӣ дуруст ва саривақтӣ аст.

Ба ивази автомашинаҳое, ки муҳлати хидматашон ба охир расидааст, Тоҷикистон воридоти навъҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза – электромобилҳоро тарғибу ташвиқ  вамекунад. Дар давраи аз моҳи январ то июни соли 2023 ба Тоҷикистон 709 электромобил ворид шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, шумори умумии онҳо дар ҷумҳурӣ аллакай ба зиёда аз 1,4 ҳазор адад расидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ният доранд, ки солҳои наздик ҳиссаи онҳоро дар кишвар то 20-30% аз шумори умумии нақлиёти сабукрав расонанд. Ин ҳадафҳо дар Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ зикр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон барои воридкунандагони электромобилҳо имтиёзҳо, аз ҷумла озод будан аз пардохти боҷи гумуркиро пешнҳод намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.