Шодӣ Шабдолов, яке аз роҳбарони собиқадори коммунистон, даргузашт

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Зарагул Мирасанова, яке аз масъулони Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ хабар додааст. Ӯ ба аҳли оила, аз ҷумла наздикону мукаррабони марҳум ва тамоми коммунистони Тоҷикистон ҳамдардии амиқ […]

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон, вакили собиқи парлумон ва яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Зарагул Мирасанова, яке аз масъулони Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ хабар додааст.

Ӯ ба аҳли оила, аз ҷумла наздикону мукаррабони марҳум ва тамоми коммунистони Тоҷикистон ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

Ҳарчанд ӯ сабаби марги роҳбари собиқи коммунистҳои тоҷикро нагуфтааст, вале ба мо маълум аст, ки ӯ чанде пеш дар беморхона бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд. Эҳтимол маҳз бемории пас аз ҷароҳиаш сабаби марги ӯ шуда бошад.

Пайвандони Шодӣ Шабдолов дар як тамоси кӯтоҳ ба "Asia-Plus" гуфтанд, ки маросими ҷаноза пагоҳ дар зодгоҳи сиёсатмадор – шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд. 

Шодӣ Шабдолов, ки ду рӯз пеш, 17-уми октябр ба синни 80-солагӣ расида буд.

Ӯ ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.

Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.

Дар зер мусоҳибаи охирини ин сиёсатмадори тоҷикро ки дар рӯзи 80-солагиаш, ду рӯз пеш- 17-уми октябр бо “Азия-Плюс” кард, пешниҳод мекунем: Шодӣ Шабдолов: Дар ягон ҳолат мавқеамро тағйир надодаам.

Ҳайати эҷодии "Asia-Plus" ба пайвандони Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадор ва арбоби давлатии тоҷик, ҳамдардӣ баён карда, барояшон сабру шикебоӣ мехоҳад!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.