Даргузашти нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова

Субҳи имрӯз, 24-уми октябр, журналисти шинохта ва нахустнаттоқи телевизиони тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Ба иттилои дастрас, ӯ тақрибан соати 04:30 дақиқаи субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, аз олам чашм пӯшидааст. Рафоат Абдусаломова 84 сол дошт. Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00 […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 24-уми октябр, журналисти шинохта ва нахустнаттоқи телевизиони тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Ба иттилои дастрас, ӯ тақрибан соати 04:30 дақиқаи субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, аз олам чашм пӯшидааст.

Рафоат Абдусаломова 84 сол дошт.

Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00 дақиқаи имрӯз дар кӯчаи М. Турсунзода 8 ва ҷанозааш баъди намози зуҳр баргузор мегардад.

Даргузашти Рафоат Абдусаломоваро ҳамовардонаш талафоти бузург дар журналистика ва фарҳанги тоҷик меноманд.

Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда буд. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кард.

Маҳз ӯ рӯзи 3-юми октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуда буд.

Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор кард.

Барномаи "Дугонаҳо"-и марҳум яке аз сербинандатарин барномаҳои телевизиони тоҷик буд, ки имрӯз дар “Телевизиони Тоҷикистон” аз нав эҳё гардидааст.

Рафоат Абдусаломова унвони Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистонро дошт.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти журналисти варзидаи тоҷик Рафоат Абдусаломова андӯҳгин буда, аз даргоҳи илоҳӣ ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.