Миллион мутахассис дар 4 сол. Дастури мақомот барои касбомӯзии шаҳрвандон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷалб намуд. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2027 ба ҳудуди 1 млн нафар шаҳрвандон касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзонад. 

Бояд ҳама касбу ҳунар дошта бошанд

Сарвари давлат зимни суханрониаш зикр кард, ки ҳоло дар кишвар танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Дар кишвар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад. Инчунин, дар 39 маркази касбомӯзии калонсолони назди Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 46 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омӯзиши 78 намуди касбу ҳунар машғул мебошанд.

“Ин шумора хеле кам мебошад, зеро дар муассисаҳои зикршуда ба таълим фаро гирифтани садҳо ҳазор нафар имкон дорад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, барои ҷалби шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2021-2025” таҳия шудааст, ки дар он ҷалби беш аз 1 млн нафар шаҳрвандон ба омӯзиш дар тӯли панҷ сол пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба барнома зиёда аз 149 млн сомониро ташкил медиҳад.

Кор ҳаст, лекин мутахассисон нестанд

Дар Тоҷикистон камбуди мутахассисон ба мушоҳида расида, аз ин рӯ, аксари ҷойҳои корӣ холӣ мемонанд ва бинобар ихтисос надоштан, аксари корҷӯён бо кор таъмин шуда наметавонанд.

Соли гузашта дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ташкил шуд, ҶСК “НБО Роғун” ба шаҳрвандон ҳудуди 3 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод намуд. Ғайр аз ин, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ҶСП “Туннели “Садди Ориёно” ва ҶС “Корхонаи таҷрибавии механикӣ” низ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карданд.  

Бо эълонҳо аз ҷониби корфармоён дар бораи ҷустуҷӯи барномасозону ошпазҳо ва кормандони соҳаи молия, инчунин сохтмончиён ва дигар мутахассисон бо маоши шоиста бисёр вохӯрдан мумкин аст. Ба ақидаи коршиносон, сабаби ин ҳолат дар он аст, ки аксарияти ҷавонони тоҷик ихтисоси мувофиқ надоранд.

Мувофиқ набудани сатҳи ихтисоси кадрҳо ба талаботи бозори муосири меҳнат дар Тоҷикистон мушкили маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, барномаи касбомӯзӣ қабул шуд, ки бояд ин мушкилро ҳал намояд.

Ғайр аз ин, омодасозии кадрҳо бо ҳадафи ҷалби шаҳрвандони кишвар ба кор дари хориҷа низ нигаронида шудааст, ки он ҷо ба кормандони баландихтисос ниёз доранд. Айни замон ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон ширкатҳои хориҷие муроҷиат мекунанд, ки ба онҳо на коргарони умумиву бидуни касб, балки мутахассисони сатҳи миёнаи боихтисос бо малакаҳои зарурӣ лозиманд.

Касбҳои серталабтарин

Дар барнома 25 ихтисоси аз ҳама серталабот дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ муайян карда шудааст.

Аз рӯи теъдоди хатмкунандагони пешбинишуда дар ҷойи аввал ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» қарор дорад. То соли 2027 тақрибан ба 6,4 ҳазор нафар ин касб омӯзонида мешавад.

Ба панҷгонаи аввал ҳамчунин ихтисосҳои барномасоз (зиёда аз 3 ҳазор нафар), насбгари таҷҳизоти барқӣ (ҳудуди 3 ҳазор нафар), мутахассиси таъминоти барқии корхонаҳои саноатӣ (2,2 ҳазор нафар) ва молияшинос бо ихтисоси ҳисоби буҷетӣ (2,2 ҳазор нафар) дохил мешаванд.

Ба панҷгонаи дуюм аз рӯи талабот чунин ихтисосҳо шомил шудаанд: мутахассисон оид ба истифодаи техника ва таҷҳизоти сохтмонӣ ва роҳсозӣ; хидматрасонӣ ва таъмири муҳаррикҳои сӯхти дохилӣ; ташкил ва идоракунии воситаҳои нақлиёт; дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва гражданӣ; хидматрасонӣ дар неругоҳҳо.

Миллион ҷойи корӣ

Дар баробари касбомӯзӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ зарур аст, то ки барои хатмкардагони литсейу коллеҷҳои касбӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шавад.

Ҳукумат ният дорад, ки ин мушкилотро тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳал намояд, ки барои давраи солҳои 2023-2027 пешбинӣ шудааст.

Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон, пешбинӣ шудааст, ки давоми солҳои 2023-2027 дар бахшҳои иқтисоди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 1,2 млн, аз ҷумла дар бахши воқеии иқтисод 748 ҳазор (59,6%) ва бахши хидматрасонӣ – зиёда аз 506 ҳазор (40,4%) ҷойи нави корӣ фарҳам оварда мешавад.

Интизор меравад, ки давоми солҳои 2023-2027 ба бозори меҳнат 1,4 млн нафар аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёна, инчунин хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хориҷшуда, кормандони ихтисоршудаи корхонаҳо ва шахсони аз муассисаҳои ислоҳотӣ озодшуда ворид мешаванд.

Тақрибан нисфи онҳо – 710 ҳазор нафар бо кумаки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

Зиёда аз 355 ҳазор нафар дар корхона ва ташкилотҳо ҷойи корӣ хоҳанд ёфт. Аз ҳисоби ҷойҳои кори холӣ 294 ҳазор нафар, аз ҳисоби ҷойҳои корӣ тибқи квота – 44 ҳазор нафар ва боз 17 ҳазор нафар – тавассути қарзҳои имтиёзнок ба кор таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон 108 ҳазор нафар бекорон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 38 ҳазор нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд. Ба 138 ҳазор нафар хидматрасониҳои касбӣ ва тавсиявӣ пешниҳод шуда, ба 69 ҳазор нафар бекорон кумакпулии бекорӣ пардохт мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ умедвор аст, ки аксари ҷойҳои корӣ аз ҷониби соҳибкорон ва худи аҳолӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...