Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд

Дар се моҳи якуми соли 2025 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ (20,5%) дар Тоҷикистон талаф ёфтааст. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, талафоти қувваи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард […]

Дар се моҳи якуми соли 2025 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ (20,5%) дар Тоҷикистон талаф ёфтааст.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, талафоти қувваи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт-соат (20%) баробар будааст.

“Талафоти нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 69%, Ҳисор 51%, Вахш 36%, Данғара 35%, Восеъ 34%, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33%, Ховалинг ва Кушониён 32%, Шаҳринав 31%, Левакант 30%, Ваҳдат ва Фархор 29%, Ёвон ва Муъминобод 28%, Истаравшан ва Хуросон 27%, Панҷ ва Файзобод 26%-ро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз зиёд будани талафоти нерӯи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, ба ниҳоҳои дахлдор гуфтааст, ки ба масъалаи сарфаҷӯии нерӯи барқ аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.

Раиси ҷумҳури кишвар ҷамъоварии маблағи истифодаи барқро дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ғайриқаноатбахш хонда, гуфтааст, ки он 83,5%, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9% иҷро гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.