Ӯзбекистон Амрикоро огоҳ кардааст, ки халабонҳои низомии Афғонистонро аз хокаш берун мекунад

Ҳукумати Ӯзбекистон Амрикоро огоҳ кардааст, ки гурӯҳи халобонҳои баландихтисоси афғон ва хонаводаҳояшонро, ки чанде пеш ба ин кишвар омада буданд, аз Ӯзбекистон берун мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ин талаби “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) будааст. Дар ин бора, рӯзи 30-юми август рӯзномаи амрикоии “The Wall Street Journal” бо истинод ба мансабдорони ин кишвар хабар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳукумати Ӯзбекистон Амрикоро огоҳ кардааст, ки гурӯҳи халобонҳои баландихтисоси афғон ва хонаводаҳояшонро, ки чанде пеш ба ин кишвар омада буданд, аз Ӯзбекистон берун мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ин талаби “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) будааст. Дар ин бора, рӯзи 30-юми август рӯзномаи амрикоии “The Wall Street Journal” бо истинод ба мансабдорони ин кишвар хабар додааст.

Ба навиштаи рӯзнома, “Толибон” баргардонидани ҳавопаймо ва чархболҳои низомиеро талаб кардаанд, ки халабонҳо дар миёнаи моҳи август бо онҳо ба Ӯзбекистон парвоз карда буданд.

Сухан дар бораи халабонҳои афғонистоние меравад, ки ки ду ҳафта пеш бо чархболу ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба Ӯзбекистон фирор карда буданд. Рӯзи 16 август Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки 22 ҳавопаймои низомӣ ва 24 чархбол, ки дар онҳо 585 низомии мусаллаҳи Афғонистон буданд, ғайриқонунӣ ҳарими ҳавоии кишварро убур кардаанд. Ҳангоми роҳнамоӣ ҳавопаймои МИГ-29-и Ӯзбекистон ва Embraer 314-и Афғонистон ба ҳам бархӯрданд.

WSJ менависад, ки Ӯзбекистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кардааст, ки барои интиқоли халабонҳо ба кишвари сеюм ба хотири "ҷилавгирӣ аз бад шудани муносибат бо Толибон" чораҳои фаврӣ андешад.

Нашрия халабонҳои Афғонистонро, ки ба Ӯзбекистон гурехтаанд, ба далели нақши онҳо дар зарбаҳои ҳавоӣ, ки дар тӯли даҳсолаи охир ба амал омадааст ва талафоти зиёд дар пай дошт, "яке аз душманони ашаддии Толибон" меномад.

“Толибон” ҳамчунин аз Ӯзбекистон даъват карданд, ки ҳавопаймоҳояшонро ба Афғонистон баргардонад, – менависад WSJ.

Вакили конгресс, узви Кумитаи равобити хориҷии Палатаи намояндагон ва собиқ халабони нерӯҳои ҳавоии ИМА Август Пфлюгер аз котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен хоҳиш кардааст, то ба халабонҳое, ки ба хатари интиқоми “Толибон” рӯбарӯ ҳастанд, кӯмак кунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.