Толибон фаъолияти кошонаҳои ҳуснро дар Афғонистон расман манъ карданд

Дар идомаи маҳдудиятҳои густурдаи Толибон* барои занон дар Афғонистон, Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи аз мункари ин гурӯҳ фармони бастани кошонаиҳои ҳусн барои занонро дар тамоми қаламрави кишвар содир кард. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад. Гуфта мешавад барои пурра қатъ кардани фаъолияти кошонаҳои ҳусни занона як моҳ муҳлат дода шудааст. Дар ҳамин […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар идомаи маҳдудиятҳои густурдаи Толибон* барои занон дар Афғонистон, Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи аз мункари ин гурӯҳ фармони бастани кошонаиҳои ҳусн барои занонро дар тамоми қаламрави кишвар содир кард. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад.

Гуфта мешавад барои пурра қатъ кардани фаъолияти кошонаҳои ҳусни занона як моҳ муҳлат дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) аз гурӯҳи Толибон хостааст, ки фармони бастани ороишгоҳҳои занонаро мутаваққиф кунад.

Ин дафтар дирӯз, 4-уми июл, бо ибрози нигаронӣ дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки “ин маҳдудияти ҷадид бар ҳуқуқи занон, ба иқтисод таъсири манфӣ мегузорд”.

Ба гуфта ин ниҳоди байнулмилалӣ, дар Афғонистон ин дастур ҳамчунин “бо ҳимояти эъломшуда аз корофаринии занон дар таззод аст”.

Бахши занони СММ дастури бастани ороишгоҳҳои занонро “охирин саркӯби ҳуқуқ, корофаринӣ ва фурсатҳои шуғлии занон” донистааст.

Ин вокуниш UNAMA дар ҳолест, ки Толибон пеш аз ин ба фаъолияти ороишгоҳҳои занона дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон маҳдудият ҷорӣ карда буданд.

Қабл аз ин, Толибон таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, рафтани онҳо ба маконҳои фароғатии ҷамъиятӣ, сайругашти танҳо дар кӯчаҳоро манъ карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.