АНМН: Боздошти як афғон бо 16 кило маводи мухаддир

spot_imgspot_img

Дата:


Зимни як амалиёти муваффақонаи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави вилоят ҷилавгирӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти АНМН, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаи дорои моддаи растанинасаб бо бӯи махсус  боздошт намуданд.

«Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ наздик ба 5 кило афюн ва 11 кило ҳашиш будани моддаҳои мусодирашударо таъйид намуд. Аз «меҳмони» афғонӣ, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карда буд, дар маҷмӯъ бештар аз 15 кило мухаддирот мусодира карда шудааст», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса дар Шуъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаҳои 289, қисми 2 ва 200 қисми 4 (Убури ғайриқонунии марзи давлатии ҶТ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии раёсати номубурда нигаҳдорӣ мешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...