Баррасии даъвои нисбати Кабирӣ ва даъвои муқобили даъвои ӯ дар як ҷаласа

Рӯзи душанбе ҳафтаи оянда дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷаласаи баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ва даъвои муқобили даъвои ӯ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ баррасӣ мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ хабар дод, мурофиаи судӣ таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Исмоили […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи душанбе ҳафтаи оянда дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷаласаи баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ва даъвои муқобили даъвои ӯ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ баррасӣ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ хабар дод, мурофиаи судӣ таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Зокир Аминов баргузор мешавад.

«Бинобар сабаби ба ҳамдигар алоқаманд будани ҳарду даъво, ҳар кадоме аз онҳо на ба таври алоҳида, балки дар як мурофиаи судӣ баррасӣ мешаванд», – гуфт ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

даъво пеш овард.

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шуд. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Дар навбати худ раиси ҲНИТ нисбат ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъвои ҷавобӣ пеш оварда, барои зарари маънавӣ 20 млн. сомонӣ ҷуброн талаб кард. «Мувофиқи қонун дар бораи мақоми вакили МН МО ҶТ, монеъа эҷод сохтан ба фаъолияти вакил масъулият дорад ва даъвои мақомот барои ибрози андеша монеъа эҷод сохтан аст, зеро ӯ нигоҳи худ ба ин масъаларо ҳамчун вакил ва узви комиссияи экологӣ иброз дошт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирӣ мушаххасан касеро танқид накарда, аммо мақомоти шаҳрдорӣ бошанд, нисбати раиси ҲНИТ изҳороти дағал баён доштанд», – зикр карда буд Б.Ёров.

Адвокат ҳамчунин гуфт, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварад. «Агар даъво қонеъ гардад, 20 млн. сомонӣ ба беҳбуди вазъи экологии шаҳри Душанбе равона хоҳанд гардид», – афзуд номбурда.

Ахири моҳи декабри соли гузашта адвокати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ

сабти видеоии

суханронии ӯ дар ҷаласаи МН МО ҶТ аз 10-уми октябрро ба суд пешниҳод кард, ки дар он раиси ҳизб аз мушкилоти экологӣ ҳарф мезанад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.