Даъвати вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба Душанбе

Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин Мамлакат д-р Низор ибни Убайди Маданӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, сафир инчунин Паёми даъвати Вазири корҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин Мамлакат д-р Низор ибни Убайди Маданӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳангоми сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, сафир инчунин Паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Мамлакат барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар Душанбе доир хоҳад шуд, тақдим кард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот ҳамчунин атрофи мавзӯи ҳамкории ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Мамлакат дар Саммити кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Исломӣ моҳи феврали соли равон дар Қоҳира табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.