Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Шоҳигарии Бутон

Дата:


Чанде қабл дар Ню-Йорк маросими баимзорасии Изҳороти муштарак дар бораи роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бутон баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии ҶТ дар Созмони Милали Муттаҳид, изҳоротро намояндаи доимии ҶТ дар назди СММ Сироҷиддин Аслов ва намояндаи доимии Шоҳигарии Бутон дар назди СММ Лату Вангчук ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросими баимзорасии изҳорот, миёни намояндагони ҳарду кишвар оид ба роҳандозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар масоили гуногуни рӯзномаҳои СММ табодули назар сурат гирифт. 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное