Cӯхтор дар бозори «Шоҳмансур» хомӯш карда шуд

                         Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сӯхторе, ки субҳи имрӯз дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт рух дод, хомӯш карда шуд.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Каримов хабар дод, оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои […]

Наргис Ҳамробоева



            




           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сӯхторе, ки субҳи имрӯз дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт рух дод, хомӯш карда шуд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Каримов хабар дод, оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардидаанд.




           



Сӯхтор соати 6-и субҳ сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. «Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардид ва айни замон майдони оташ тозаву бехавф карда мешавад», – гуфт М.Каримов ва афзуд, ки ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуданд.




           

Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд.


Аз 1 млн. сомонӣ зиёдтар будани маблағи хисорот аз эҳтимол дур нест. Талафоти ҷонӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст.



Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.

 





 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.