Суғд: Ҳукми 7,5 соли зиндон ба милиса барои истисмори занон


Суди шаҳри Хуҷанд собиқ корманди шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, зодаи шаҳри Душанбе Баҳриддини Умарови 37-соларо барои истисмори занон ба 7,5 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати се соли минбаъда маҳкум кард.

Раиси мурофиаи судии мазкур, раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева дар ин робита гуфт, суд айбдоршавандаро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 132, қ. 3 (Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Тоҷикистон бурдани чунин шахсон) ва 314 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор эътироф намуд.

Ба қавли судя, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, шикоят аз болои он иимконпазир аст, вале ҷониби ҳимояи маҳкумшуда аллакай изҳор кардааст, ки аз болои ҳукм эътироз нахоҳанд овард.

Дар идома судя изҳор кард, ки Умаров бо маслиҳати пешакӣ бо як ҳамзисти худ бо ваъдаи дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Туркия дар ихтиёр доштани нуқтаҳои фурӯш, барои кор духтаронро ҷустуҷӯ мекардаанд.

«Ҳамин тариқ, онҳо чор нафар духтарон, сокинони Суғдро, ки яке аз онҳо ноболиғ аст, ба кор ҷалб намуда, ба ин кишварҳо фиристодаанд. Дар фурудгоҳ онҳоро шиносҳои корманди милиса пешвоз ва ҳуҷҷатҳояшонро кашида гирифта, ба фоҳишагӣ машғул шуданро маҷбур кардаанд», – иброз дошт М.Ҳабибуллоева.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи ноябри соли гузашта Баҳриддин Умаров аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.

spot_imgspot_img

Популярное